Ба Тошиев гуфтанд, ба ҷойи дастшиканӣ чӣ кор кунад: моҷарои навбатӣ бо раҳбари КДАМ

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузаштан ба хазинаи аксПарламент Кыргызстана денонсировал соглашение о ЦТП "Манас"
Парламент Кыргызстана денонсировал соглашение о ЦТП Манас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷанҷоли вакилони Қирғизистон идома дорад. Ин бор вакил аз он хашмгин шудааст, ки барои насби симчӯбҳо дар ноҳияи Иссиқ-Ато маблағи зиёд талаб шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Вакили Жогорку Кенеш Акбокон Тоштанбеков ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Қамчибек Тошиев аз хидматрасонии гаронарзиши ҶСК "Северэлектро" шикоят кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Вай гуфтааст, кормандони "Северэлектро" барои насби симчӯбҳое, ки Шӯрои деҳоти Иссиқ-Ато бо маблағҳои худ харидорӣ кардаанд, маблағи "ҳангуфт" ситонидаанд.
"Кормандони "Северэлектро" ба маблағи 61 ҳазор сом шартнома фиристоданд. Ёрдамчии ман бо истифода аз ҳамон таҷҳизоте, ки бо онҳо корҳоро анҷом медоданд, ин сутунҳоро ба маблағи 15 ҳазор гузоштанд. Чӣ тавр дар шартнома навиштаанд, коре, ки ба мо хеле арзонтар шудааст, 61 ҳазор арзиш дорад? Пеш аз шикастани дасти Адахон Мадумаров он кормандонро дар ҷои он сутунҳо дафн кунед", - гуфтааст вакил дар муроҷиат ба Тошиев.
Тоштанбеков ҳамчунин шарҳ дод, чаро Тошиев дар ҷаласаи ахири парлумон ба вазири молия чашмак задааст.
"Вақте аъзои ҳукумат омаданд, касе нафаҳмид, ки чаро генерал Тошиев чашмак зад. Ӯ ба раҳбарони вазоратҳои молия ва энержӣ чашмак зад, то пуле, ки ӯ пурсад, ҷудо кунанд. Онҳо гӯё нафаҳмиданд",— гуфт вакил.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
"Дастатро мешиканам": ҷанҷоли Тошиев бо Мадумаров зимни баҳси қочоқ ба Тоҷикистон
Ба гуфтаи ӯ, дар он ҷаласа се масъала: ҷудо кардани маблағ барои сохтмони мактаб дар Ивановка ва кӯдакистон дар Новопокровка ва гузоштани сутунҳо дар деҳаи Наврӯзи ноҳияи Иссиқ-Атаро матраҳ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон миёни раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар Қамчибек Тошиев ва раҳбари фраксияи "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров ҷанҷоли лафзӣ шуда буд.
Дар рафти суханронӣ роҳбари КДАМ аз вакилон гиламандӣ кард, ки онҳо кори мақомоти амниятиро зери шубҳа қарор медиҳанд ва "дар нисбаташон ҳар гуна гапҳои нораво мезананд".
Коршиносон гуфтанд, кӣ метавонад ихтилофот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳал кунад
Ӯ аз ҷумла аз "туҳмат"-и Мадумаров изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки номбурда дар маъракаҳо кормандони амниятро "хунхӯрон"-и мардум мегӯяд ва онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки гӯё ризқи мардумро мехӯранд.
Пас аз ин суханон Мадумаров аз ҷо бархоста, бо вуҷуди фаъол набудани баландгӯ бо имову ишора ба изҳороти Тошиев посух дод, вале овози ӯро на ҳама шуниданд.
Ҳарчанд Мадумаров талаб кард, ки ба ӯ низ вақт барои сухан гуфтан аз минбар ҷудо кунанд, вале вакилон якдилона пешниҳоди ӯро рад карданд.
Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни баҳси лафзӣ Тошиев таҳдид намуд, ки дасти вакили даъвогарро мешиканад ва ӯро "нобуд" мекунад.
Лентаи хабарҳо
0