Русия бо маҳви Ғарби куҳна ҷаҳони нав месозад

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузаштан ба хазинаи аксВоенные в рамках спецоперации на Украине
Военные в рамках спецоперации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳар рӯз дар бораи ба ҳаёти осоишта баргаштани манотиқи озодшуда дар ҶМД, ҶМЛ, Херсон ва Запороже, азнавсозии зиндагӣ дар он ҷо ахборе мунташир мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik, Ирина Алкснис. Бандари Мариупол кори худро аз сар гирифт, дар ҳоле ки Русия барои барқарор кардани худи шаҳри осебдида аз амалиёти ҷангӣ нерӯҳои хеле ҷиддӣ, аз ҷумла Вазорати ҳолатҳои изтирориро фиристод. Мактабҳои шаҳри Мелитопол, маркази муваққатии вилояти озодшудаи Запороже аз соли нави тахсил ба забони русӣ ва системаи панҷбаллӣ мегузаранд. Дар ҳамин ҷо 12 июн дар Рӯзи Русия ба сокинони вилоят аввалин шиносномаҳои Федератсияи Русия ба сокинон супурда мешаванд.
Сергей Шойгу аз барқарор шудани иртиботи роҳи оҳан байни Русия, Донбасс, Украина ва Қрим хабар дод. Вазир афзуд, ки интиқоли мол ба Мариупол, Бердянск ва Херсон аллакай оғоз шудааст. Дар бораи гузаштани қаламравҳои озодшуда ба минтақаи рубл ва ба алоқаи мобилии Русия ва интернет маълум аст. Сафари ходимони олимартабаи Русия ба ин ҷамоҳир, Херсон ва Мелитопол кори муқаррарӣ шудааст. Мудирияти ҳарбию шаҳрвандӣ ба омодагӣ дар ҷиҳати баргузории ҳамапурсӣ дар бораи вуруди вилояти Запороже ба Русия шуруъ кард.
Константин Сивков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Сивков: Ғарб аллакай дарк кард, ки амалиёти шикаст додани Русия барбод рафт
Ин танҳо як пораи хурди ҷараёни пайвастаи иттилоот аст, ки рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Ин, бешубҳа, асосест, ки бо кишвари худ ифтихор кунем ва бидуни тағйир боқӣ мондани анъанаҳои беҳтарини миллиро таъйид намоем: Русия ба ҳар ҷое ки равад, ба кӯмак, бунёд, барқарорсозӣ, рушд шуруъ мекунад.
Бо вуҷуди ин, он чизе, ки рӯй дода истодааст, як ҷанбаи дигаре дорад, на он қадар равшан, аммо, шояд, на камтар муҳим.
Мо дар давраи душвор ва хеле хавфноки дигаргунсозии системаи ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунем. Дар пеши назари мо созмонҳо таназзул мекунанд ва равандҳое, ки барои тамаддуни инсоният дар тӯли тақрибан ҳашт даҳсола асосӣ буданд, аз байн мераванд. Буҳрони системавӣ соҳаҳои бештарро фаро мегирад ва пешгӯиҳо дар бораи ояндаи ҷаҳон торафт тиратар мешаванд.
Дар баробари ин ҳатто бузургтарин бадхоҳони кишвари мо иқрор мешаванд, ки Русия ба равандҳои ҷараёндошта ба таври ҳайратангез эътимод дорад ва қобилият дорад, на танҳо давраи ҳозираро бехатартар паси сар намояд, балки аз он ба унвони ғолиби ҷаҳонӣ берун хоҳад шуд.
Ҳамчунин шубҳаи ҷиддие вуҷуд дорад, ин вазъият ба таври мустақим бо равандҳое, ки дар манотиқи озодшуда дар ҷараён аст, иртибот дорад.
Дар бораи он ки ҷаҳони якқутбӣ куҳна шудааст, системаи ҷаҳонӣ таназзул кардааст, Иёлоти Муттаҳида (ва умуман Ғарб) аз мавқеи гегемонии худ ба шеваи ғайриқобили қабул истифода мекунад, бинобар ин бояд чизи наверо бунёд кард, ки ба воқеият мувофиқ бошад. Дар баробари ин маълум аст, ки пеш аз сохтани бинои нав бинои кӯҳнаро вайрон кардан лозим аст. Аммо дар бораи он кам фикр мекунанд, ки харобкорӣ ҳам захираю қувваи хеле ҷиддӣ талаб мекунад.
Флаги России и ЕС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Иштибоҳ: Ғарб ба муқобилаи тӯлонимуддат бо Русия омода набуд
Солҳои охир иттиҳоми ИМА ва Аврупо алайҳи Русия мабнӣ бар амалҳои харобиовар бо ҳадафи суқути “тартиби ҷаҳонии мубтанӣ бар қоидаҳо” ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.
Ин аст, ки агар шумо танҳо манфиатҳои худро ба назар мегиред, Маскав ҳеҷ гоҳ захираҳоро барои харобшавӣ сарф накардааст. Зиёда аз ду даҳсола пеш он стратегияи сохтани чизи навро то ҳадди имкон бидуни мухолифат бо системаи муқарраршудаи ҷаҳонӣ интихоб кард. Ва чун таназзули он суръат гирифт, таъсир, тавоноии сохторҳо ва равандҳои нав афзоиш ёфт. Масалан, БРИКС, СҲШ, СПАД ва бисёр созмонҳои дигаре, ки бо ташаббуси Русия таъсис ёфтаанд, солҳои тӯлонӣ мавриди масхара қарор гирифтанд, то ин ки маълум шуд, маҳз ҳамон чизе бо ҳангҳои Пётри Якум иттифоқ уфтод, бо инҳо низ сурат мегирад, ки ин вазъ онҳоро ба нерӯӣ коро ва маҳвкунанда табдил дод.
Худи Ғарб бошад, бо вайрон кардани ҷаҳони куҳна бомуваффакият мубориза мебарад. Аҷиб аст, ки он дар шуури худ аз системае, ки манфиатбахши асосии он аст, сахт мудофизат мекунад, вале дар охир фақат аз байн рафтани онро метезонад. Таҳримҳо инро вазъро хуб инъикос мекунанд.
Албатта, бе бархӯрди байни ҷаҳони куҳнаи мурдаистода ва ҷаҳони нав пайдошаванда комилан сурат гирифтани тағйир ғайриимкон аст. Воқеан, амалиёти махсуси низомӣ дар Украина маҳз ҳамин тавр шуд. Ғарб вазъро ба як хатте тела дод, ки Русия наметавонист аз он убур кунад.
Аммо дар ин ҷо ҳам Маскав ба худ содиқ монд. Дар ҳоле ки Аврупо ва ИМА дар якҷоягӣ бо элитаи Киев Украина ва ҳамзамон иқтисодҳои худро хароб мекунанд, зери шиори "Муҳим ин ки Путин ғалаба накунад", Русия бартарӣ медиҳад, нерӯҳояшро ба озодибахшии манотиқ ҳидоят кунад.
Биёед, бубинем, ки стратегияи кӣ самараноктар аст.
Лентаи хабарҳо
0