Русия ба Украина беш аз ҳазор тонна кумаки башардӯстона кард - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба сокинони ҶМД, ҶМЛ ва Украина аз сӯйи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хӯрокворӣ, доруворӣ ва дигар ашёҳои муҳим барои рӯзғор тақдим шуд
Кормандони вазорати ҳолатҳои изтирории Русия барои сокинони ҶМД, ҶМЛ ва Украина беш аз ҳазор тонна кӯмаки башардӯстона расониданд.
Ба сокинон маводи озӯқаворӣ, доруворӣ ва ашёҳои муҳим барои рӯзғор тақсим карда шуд
Қаблан, раиси Маркази миллии назорати дифои Федератсияи Русия, генерал-полковник Михаил Мизинтсев гуфт, ки аз 2 март ба Украина қариб 28 ҳазор тонна бори башардӯстона ворид шудааст.
"Аз 2 марти соли ҷорӣ Федератсияи Русия аллакай ба Украина 27 976,7 тонна моводи зарурӣ, ғизо, доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ интиқол дода, 1130 амали башаррӯстона анҷом дод", - изҳор дошт Мизинтсев.
Ба гуфтаи генерал, рӯзи сешанбе дар вилоятҳои Запороже, Харков ва Херсон ва ҳамчунин дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск ҳашт иқдоми башардӯстона баргузор шуд.
Суҳбати Шойгу: аз ваъдаи кумак ба муттаҳидон то идомаи амалиёт дар Украина - видео
Аз ҷумла, 642 тонна кумаки башардӯстона ба мардуми осоишта расонида шуд.
Ҳамин тариқ, рӯзи чоршанбе дар вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Харков ва Херсон ҳашт чорабинӣ сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ба мардум 537 тонна маводи зарурӣ ва озуқаворӣ супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0