Сивков: Ғарб аллакай дарк кард, ки амалиёти шикаст додани Русия барбод рафт

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкКонстантин Сивков, архивное фото
Константин Сивков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Муовини президенти Академияи улуми мушакӣ ва тӯпхонаӣ дар умури сиёсати иттилоотӣ дар бораи пайомади интиқоли силоҳи нав ба Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Константин Сивков, муовини президенти Академияи улуми мушакӣ ва тӯпхонаӣ мегӯяд, ҳоло дар Аврупо як ҳолати номуайянӣ ҳукмфармо аст. Сивков ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо Sputnik Абхазистон қайд кард.
Ба таъқиди ӯ, дар Аврупо феълан стратегияи дақиқ вуҷуд надорад.

"Ҳоло дар он ҷо эҳсосот ҷӯш мезанад. Зеро интизориҳо аз таҳримҳои оммавӣ, низоъ дар Украина, ҷанги иттилоотӣ ва фишор ба Русия ҳама барбод рафт. Ҳадафе, ки Ғарб дар назди худ гузошта буд, амалӣ нашуд", - таъкид намуд ӯ.

Сивков таъкид намуд, ки мақсади асосии Ғарб ба шӯр овардани шаҳрвандони Русия ва ахиран шикаст додани ин кишвар буд. Вале русҳо дастаҷамъона тактикаи Владимир Путинро дастгирӣ намуданд ва бо ин амалашон ҳадафҳои нопоки Ғарбро барбд доданд, - илова намуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, дар воқеъ, бояд иқрор шуд, ки дар авохири моҳи дуввум Ғарб дарк кард, ки амалиёти шикаст додани Русия ноком шудааст.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Истребители пятого поколения Су-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Русия дар Украина аз навтарин насли ҷангандаҳо истифода кард
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ, озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0