Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев ба табибон барои кумак ба захмиёни даргириҳои бо Тоҷикистон медал дод

© Пресс-служба правительства Кыргызстана / Алишер АлиевПредседатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Табибон ва хидматчиёни ҳарбӣ бо медали ҷашнии "100-солагии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон" ва нишони сарисинагии "Барои ҳамкорӣ" қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев табибон ва хидматчиёни ҳарбиро қадрдонӣ кард. Дар ин бора котиботи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.
Ҷоизаҳо барои ҳамкории фаъол бо мақомоти амнияти миллӣ дар расонидани ёрии таъҷилӣ ба низомиёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки дар даргириҳои марзӣ осеб дидаанд, дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пайваста нофаҳмиҳо, ки пасон ба тирпаронию талафоти ҷонӣ аз ҳар ду ҷониб анҷом меёбад, сурат мегирад.
Охирин муноқишаи марзӣ рӯзи 3 июн байни сарҳадбонони ду кишвар дар ҳудуди ҷамоати Ворузи Исфара дар мавзеъи "Кех" сар зад.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Шахси захмишуда дар тирпарронии марзӣ дар Ворух маълум шуд: ӯ сарбоз нест
Дар ҷамоати Исфара ба Sputnik Тоҷикистон ҳодисаи ба амаломадаро чунин шарҳ доданд:
"Марзбонони қирғиз худсарона ба тарафи марзи мо ворид шудан хостаанд. Онҳоро барои пас гаштан сарбозони тоҷик огоҳ кардаанд, қирғизҳо ба амри сарҳадбонони мо итоат накарда, кӯшиши тирпарронӣ кардаанд, дар натиҷаи ин амали номатлуби онҳо, марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба ҷойи худ баргаштаанд”.
Вале, ҷониби Қирғизистон чун ҳолатҳои қаблӣ дар муноқишаи ахир низ сарҳадбонони тоҷикро муттаҳам кард.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ, амалкарди ҷониби Қирғизистон дар марзи муштаракро иғво хонд.
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
“Ҷониби Тоҷикистон иғвои барқасдона тарҳрезишудаи ҷониби қирғизро маҳкум карда, барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда ба риояи қатъии тавофуқоти ҳосилшуда даъват мекунад”, - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0