Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вакили Думаи давлатӣ замони анҷоми амалиёти вижа дар Украинаро гуфт: видео

Обуна шудан
Ба эътиқоди вакили русиягӣ, ҳукмронии режими Киев таҳти раҳбарии Владимир Зеленский ба поён мерасад ва барои ин заминаҳои мувофиқ вуҷуд доранд
Вакили Думаи давлатӣ Адам Делимхонов изҳори умедворӣ кард, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина то охири соли 2022 ба анҷом мерасад.

"Умедворем. Ба фикрам, ин идома нахоҳад кард", - гуфт ӯ.

Делимханов дар суҳбат бо РИА "Новости" қайд кард, ки дар марҳилаи кунунӣ дар бораи анҷоми амалиёти вижа ҳарф задан барвақт аст.
"Режими кунунӣ таҳти сарварии нашъаманд Зеленский ҳамоно боқӣ мемонад, он коре, ки онҳо бо кишвар ва мардуми худ дар он ҷо мекунанд, идома дорад. Аммо ман итминон дорам, ки ҳамаи ин ба поён мерасад ва ҳама шартҳо аллакай вуҷуд доранд", - омадааст дар изҳорот, таъкид кард депутат.
Изҳороти Делимхоновро, ки дар амалиёти вижа ширкат дошт, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков шарҳ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, анҷоми амалиёт дар Украина замоне сурат хоҳад гирифт, ки вазифаҳои қаблан муқарраршуда иҷро шаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Сокинони вилояти Херсон розӣ ҳастанд, ки як қисми Русия шаванд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт
Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд, вале ба натиҷаҳои хуб даст наёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0