Аввалин пул байни Русия ва Чин кушода шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксРабочая поездка премьер-министра РФ М. Мишустина в Дальневосточный федеральный округ. День четвертый
Рабочая поездка премьер-министра РФ М. Мишустина в Дальневосточный федеральный округ. День четвертый - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сохтмони пули болои дарёи Амур зимистони соли 2016 оғоз шуда, ба он 6 километр роҳ дар Чин ва 13 километр роҳи мошингард дар Русия шомил буд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт тавассути аввалин пули автомобилии байни Русия ва Чин оғоз ёфт.
Роҳи автомобилгард, ки аз дарёи Амур мегузарад, Благовешенск ва Хейхеро ба ҳам мепайвандад.
Айни ҳол мошинҳои боркаш дар роҳи навсохт ҳаракат карда метавонанд. Дар як шабонарӯз дар байни шаҳрҳо то 630 ҳамин гуна нақлиёт, инчунин 164 автобус ва 68 автомашинаи сабукрав ҳаракат мекунанд.
Ба гуфтаи губернатори вилояти Амур Василий Орлов, роҳкиро ба Чин аз тариқи ин шоҳроҳ 8700 рубл хоҳад буд, аммо замоне ки маблағи хароҷоти пул ҳосил шуд, нарх поин меравад.
Вазири нақлиёти Русия Виталий Савелев таъкид кард, ки ифтитоҳи пул ҳаҷми муомилоти молро то 1 миллион тонна бор дар як сол афзоиш дода, хароҷ ва муҳлати интиқоли онҳоро коҳиш медиҳад.
Флаги России и ЕС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Чин роҳи таъмини амнияти Русия ва Аврупоро нишон дод
Аввалин мошинҳои боркаш аз гузаргоҳи Кони-Кургон — Хейхэ ба ҳаракат даромаданд. Ҳашт нақлиёти боркаш аввалин шуда, вориди Чин шуданд.
Аз Чин низ 8 мошини боркаш вориди Федератсияи Русия шудааст. Онҳо чархи автомобил ва қисмҳои таҷҳизоти электрикӣ мекашонанд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони пули дарёи Амур зимистони соли 2016 оғоз шуда буд. Арзиши ин сохтор 19 миллиард рубл арзёбӣ мешавад, ки 14 миллиардашро ҷониби Русия сармоягузорӣ кардааст.
Дар болои пул ду хатти роҳ мавҷуд буда, дарозии он 1080 метр ва паҳнои қисми мошингард 11 метрро ташкил медиҳад. Ин сохтор 6 километр роҳ дар Чин ва 13 километр шоҳроҳ дар Русияро дар бар мегирад, менависад РИА "Новости".
Лентаи хабарҳо
0