Ҳунармандони Хоруғ "Лаъли Бадахшон"-ро дар Кӯлоб намоиш доданд

© SputnikСпектакль "Даври Орифин" в честь 80-летия Ага-Хана IV
Спектакль Даври Орифин в честь 80-летия Ага-Хана IV - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намоишномаи "Лаъли Бадахшон" дар бораи рафоқату бародарӣ, адолату асолати инсонӣ, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг ва зиндагӣ бо музди ҳалол қисса мекунад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ҳунарнамоӣ карданд.
Ин сафари ҳунарӣ бахшида ба Ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров роҳандозӣ шудааст.
Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар саҳнаи театри Кӯлоб намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-ро ба саҳна гузоштаанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба иттилои бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб.
"Лаъли Бадахшон" дар асоси асари драматург Ҷумъа Қуддус эҷод шуда, коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ Умед Хисрав онро ба саҳна гузоштааст.

"Мавзуи асосии намоиш ба тамошобинон расонидани паёми некӣ, рафоқату бародарӣ, адолату асолати инсонӣ, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг ва зиндагӣ кардан аз ҳисоби заҳмати ҳалол аст", - гуфт коргардони намоиш.

Ёдовар мешавем, ки пештар ду гурӯҳе аз театрҳои давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе ва Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ба унвони меҳмони вижа дар 40-умин Ҷашнвораи байналмилалии театри “Фаҷр” ширкат карда буданд.
Ҳунармандони тоҷик дар ин ҷашнвора намоишҳои “Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон”-ро иҷро карданд.
Занавес в театре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Ҳунармандони тоҷик барои дарёфти ҷоиза дар Русия талош хоҳанд кард
Намоиши “Фирдавсӣ” бо коргардонии Султон Усмонов, бар асоси достони “Шоҳнома” ва румони “Фирдавсӣ”, асари нависандаи машҳури фақиди тоҷик Сотим Улуғзода таҳия шуда, дар соли 2019 барандаи шоҳҷоизаи Ҷашнвораи театрҳои ҳирфаии Тоҷикистон шуда буд.
Намоиши "Лаъли Бадахшон" ба мавзуи ахлоқ ва маънавият ихтисос ёфтааст ва дар Ҷашнвораи “Парасту 2021” муваффақ ба дарёфти мақоми севум, дар Ҷашнвораи "Фаҷр" дар шаҳри Теҳрон низ ба намоиш гузошта шуд.
Лентаи хабарҳо
0