Пентагон иқрор шуд, ки дар Украина таҷрибаҳои биологӣ анҷом додааст

© UNSPLASHВрач в лаборатории делает анализы
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Пентагон иддао дорад, ки дар лоиҳаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ширкат доштааст ва фаъолияташ дар Украина шаффоф буд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Пентагон дар баёнияе дар сойти худ гуфтааст, ки дар 20 соли ахир аз 46 муассисаи биологӣ дар Украина ҳимоят кардааст.
"Дар давоми ду даҳсолаи охир Иёлоти Муттаҳида 46 озмоишгоҳи ғайринизомии Украинаро барои беҳтар кардани амнияти биологӣ ва ҳифзи Украина, самаранокии мониторинги одамон ва ҳайвонот дастгирӣ кардааст",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Вазорати дифоъ иддао дорад, ки ин ҳамкорӣ шаффоф аст ва дар чаҳорчӯби қонунҳои ду кишвар ва қонунҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.
Пентагон таъкид мекунад, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт низ дар ин тарҳ ширкат кардааст.
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2022
Патрушев: ИМА дар лабораторияҳои Украина силоҳи нави биологӣ сохт
Дар ҳамин ҳол як мақоми собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Украина гуфт, ки то соли 2014 ИМА дар Украина зиндонҳои махфӣ дошт.
Қобили зикр аст, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар суханронии худ дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳадафи озмоишгоҳҳои биологии Амрико дар кишварҳои пасошӯравиро ҷамъоварии маводи биологӣ ва омӯзиши вижагиҳои паҳншавии вирусҳо гуфта буд.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия бошад, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар озмоишгоҳҳои Украина силоҳҳои нави биологӣ эҷод мекунад.
Ба гуфтаи вай, марҳалаи фаъоли таъсиси озмоишгоҳҳои биологӣ дар Украина таҳти назорати Пентагон дар соли 2014 оғоз шуд.
Биологическая лаборатория - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Талаби Пекин аз ИМА барои ифшои маълумот дар бораи ташхисгоҳҳои биологӣ дар Украинаро
Владимир Путин, президенти Русия дар бораи озмоишгоҳҳои биологӣ, ки аз ҷониби ИМА сарпарастӣ мешаванд, гуфт, ки пурра нобуд карда мешаванд.
"Дар он ҷо намунаҳои коронавирус, сӯхтанӣ, вабо, вабои хукии африқоӣ ва дигар бемориҳои марговарро таҷриба карданд. Ҳоло осори ин барномаҳои махфӣ ба таври ҷиддӣ рӯпӯш мешавад", - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия афзуд, гумон меравад, ки дар Украина ҷузъҳои силоҳи биологӣ сохта шудаанд ва он ба амнияти Маскав таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0