Путин ба президенти Туркманистон ордени "Дӯстӣ" тақдим кард: видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Федератсияи Русия аз саҳми бузурги кишвардори нави Туркманистон дар таҳкими муносибот ва равобити дӯстона, миёни ду кишвар гуфт
Президенти Русия Владимир Путин кишвардори нави Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадовро барои саҳми бузург дар таҳкими муносиботи дӯстона миёни Русия ва Туркманистон бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ кард.
Ҳамчунин, сарони Русия ва Туркманистон як санади муҳимро имзо карда, густариши ҳамкориҳои Маскаву Ашқободро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ карданд.
Дар поёни мулоқот кишвардорон изҳороти муштарак карданд.
Путин барои нахустин бор бо раисиҷумҳури нави Туркманистон мулоқот кард
Ёдовар мешавем, ки Бердимуҳаммадов бо даъвати Путин ба Русия омада буд. Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба қудрат расиданаш ба мақоми раҳбари Туркманистон аст.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамтои худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина иттилоъ додааст.
Полковнику муҳандис ва ҷавонтарин президент дар ИДМ: ҳолномаи Сардор Бердимуҳаммадов
Путин ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин Эъломияро дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегӣ байни кишварҳо имзо карданд.
Лентаи хабарҳо
0