Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст

© Sputnik Московский формат консультаций по Афганистану
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як сенатори амрикоӣ иддао кардааст, ки гурӯҳи толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Афғонистон як давлати пуштибони терроризм сохтааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Расонаҳои Амрикоӣ гузориш додаанд, ки Мич Макконал, сенатори аршади ҷумҳурихоҳи ИМА батозагӣ гуфтааст, ҳукумати толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Афғонистон "як давлати ҳомии тероризм" аст ва робитаи амиқе бо "Алқоида"* дорад.
Макконал аз шитобзада берун шудани Амрико аз Афғонистон интиқод карда афзуд, ки ин тасмим Ҳукумати Амрико ва шарикони байналмилалии онро бо хатари таҳдидоти ҳаросафганӣ мувоҷеҳ сохтааст.
Ба бовари ин сенатори амрикоӣ, "бидуни доштани пойгоҳ дар Афғонистон тавонои назорати иёлоти муттаҳида бар таҳдидоти физояндаи террористӣ дар ин кишвари маҳдуд шудааст".
Бывший президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
SIGAR: Ашраф Ғанӣ бо камтар аз як миллион доллар аз Афғонистон гурехт
Мич Макконал ҳамчунон ба равобити толибону Алқоида* ишора карда гуфтааст: "Ҳукумати толибону "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Кобул танҳо як давлати ҳомии тероризм нест, балки як ҳукумат ташкилёфта аз терруристону одамрабоёнаст". Ҳукумате, ки ба ақидаи ӯ, робитаи амиқ бо "Алқоида"* дорад.
Ин изҳороти оқои Макконал дар ҳоле матраҳ шудааст, ки чанде пеш тими назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар як гузориш гуфт, ки толибону "Алқоида" ҳанӯз ҳам робитаи наздик доранду шабакаи "Алқоида" баъд аз ҳокимияти толибон дар Афғонистони озодии амали бештар пайдо кардааст.
Аммо ин гузориш аз сӯйи толибон беасоси хонда шудааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия
Лентаи хабарҳо
0