45 ҷойи кор - талоши ҳукумат барои таъмини сокинони Рӯшон ба кор

© Амир ИсаевЦех по производству флюорита на заводе ТАЛКО
Цех по производству флюорита на заводе ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ, ки аз тарафи Вазорати меҳнати Тоҷикистон ташкил карда шуд, барои 250 довталаб 45 ҷойи кор пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи сафари ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Тибқи иттилои манбаъ, Муродзода Дӯстмурод Ҳайит, сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни пешниҳоди гузориш аз натиҷаи баргузории ярмарка иттилоъ дод, ки сокинони ноҳияи Рӯшон зиндагии орому осоишта дошта, ба корҳои ҳаррӯзаи худ машғуланд ва дар ярмарка 250 нафар иштирок намуданд.
“Ба онҳо аз ҷониби 15 корхонаю ташкилоти ҳудуди ноҳия 45 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид, ки ҳамагӣ 4 нафар мутобиқ ба талаботи корфармо ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Ба зиёда аз 60 нафар барои соҳибкасб гардидан дар заминаи филиали МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" роҳхат дода шуд”, - қайд кард мақомдори тоҷик.
Мальчик на центральном рынке города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Мақомот дар бораи коҳиши назарраси истифода аз меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон мегӯянд
Ҳамзамон вай қайд кард, ки 50 нафар ба корҳои ҷамъиятии муздноки мавсимӣ сафарбар шуда, 35 нафар барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар дар филиали МД “Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа” номнавис шуданд.

“Доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба муносибаҳои меҳнатӣ, инчунин бозомӯзӣ ва касбомӯзӣ мутаносибан ба 52 ва 100 нафар мутахассиси соҳа машварати ҳуқуқӣ ва касбӣ доданд”, - афзуд Муродзода Дӯстмурод Ҳайит.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Рӯшон 26 ҳазору 214 нафар аҳолӣ дошта, аҳолии қобили меҳнати он 13853 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 2671 нафар кироякор буда, шахсони ба шуғли даромаднок машғул дар ин ноҳия 7801 нафар мебошанд.
Масъулини Вазорати меҳнат илова карданд, ки дар ноҳия курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ мунтазам ташкил карда мешаванд ва соли ҷорӣ дар чунин курсҳо 79 нафар соҳиби касб гардидаанд.
Зикр гардид, ки дар курсҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ 60 нафар хунарҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофиро омӯхта, айни замон фаъолият доранд.
Лентаи хабарҳо
0