Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вуруди беш аз 18 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Русия

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксМестные жители на улице в Мариуполе
Местные жители на улице в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Теъдоди умумии гурезаҳое, ки аз аввали ташаннуҷи вазъият дар Донбасс вориди Русия шудаанд, ба иттилои мақомоти марзбонӣ, наздики 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Зиёда аз 18,5 ҳазор гуреза давоми як шабонарӯзи охир гузаргоҳҳои марзӣ дар вилояти Ростовро убур кардаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Раёсати марзбонии Хадамоти амнияти федералӣ дар минтақа.
Манбаъ афзуд, ки аз аввали феврал ба ҳолати аввали моҳи июн танҳо аз тариқи гузаргоҳҳо дар вилояти Ростов ҳудуди 1,3 млн нафар вориди Русия шудаанд, ки аз ин теъдод 200 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова ахиран зимни гузориш ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт, ки феълан дар ин кишвар беш аз 1,4 млн гуреза паноҳ бурдаанд.
Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.
Сотрудники МЧС РФ доставили еще более тысячи тонн гумпомощи для жителей в ДНР, ЛНР и Украины. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Русия ба Украина беш аз ҳазор тонна кумаки башардӯстона кард - видео
Москалкова изҳор дошт, ки беруншудаҳо аз Донбассу Украина одатан худро гуреза намегӯянд, балки бештарашон мақоми паноҳгоҳи муваққатиро мегиранд, зеро ин мақом барояшон имкони пайдо кардани кор медиҳад.
Интиқоли шаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо аз Украина низомиёни ФР даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0