Раҳбари собиқи артиши Бритониё гуфт, Ғарб барои Украина стратегияе надорад

© Sputnik / В. ЧистяковКиев, Родина-мать
Киев, Родина-мать - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Генерали бритониёӣ бар ин назар аст, ки Ғарб барои Украина стратегияи ҳамоҳанге надорад ва танҳо такяаш ба раванди инкишофи вазъ аст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишварҳои ғарбӣ аз стратегияи ҳамоҳангшуда дар робита ба низоъ дар Украина маҳруманд, гуфт фармондеҳи собиқи нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё Дэвид Ричардс дар мақолае барои рӯзномаи бритониёии Telegraph.
"Ин "стратегия" аст, ки "биёед бубинем, ки корҳо чӣ гуна сурат мегиранд", ба ибораи дигар, ин умуман стратегия нест", - менависад Ричардс:
Тавре вай қайд мекунад, на дар ИМА ва на дар Британияи Кабир дарки он вуҷуд надорад, ки муноқиша дар Украина чӣ гуна бояд инкишоф ёбад ва "мо чӣ гуна Русияро ташаккул доданӣ ҳастем, бахусус дар масъалаи муҳими дарозмуддати муносибатҳо бо Чин".
Флаги России и ЕС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Иштибоҳ: Ғарб ба муқобилаи тӯлонимуддат бо Русия омода набуд
"Оё бо истифода аз роҳе мумкин аст, ки Русияи заифшударо мутақоид сохт, ки ба Ғарб ҳамроҳ шавад, ба ҷои он ки ҳатман онро ба доираи нуфузи Чин ҷалб кард?" мепурсад Ричардс .
Тавре ки ӯ дар идома менависад, ҳеҷ кас аз ҷиҳати стратегӣ " дурбинона" фикр намекунад, зеро "ҳеҷ кас ба қадри кофӣ ҷасорат намекунад, ки берун аз конвенсияҳои сиёсии лаҳза фикр кунад."
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки " ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0