Сергей Лебедев аз рушди иқтисоди кишварҳои ИДМ дар пасманзари вазъи мушкил дар ҷаҳон гуфт

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксИсполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев
Исполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Давлатҳои ИДМ ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ фавран ҷавоб доданд, ки ин нахуст зиёд кардани тиҷорати байниҳамдигарӣ буд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Кишварҳои иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазъияти душвори иқтисодие, ки дар тамоми ҷаҳон ба амал омадаанд, бартараф карда тавонистанд. Дар ин бора раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев хабар дод.
Ӯ гуфт, ки дар гузоришҳои ширкаткунандагони ин нишасти ҷаласаи ахири иқтисодии ИДМ тамоюли мусбати равобити тиҷории кишварҳои аъзо гуфта шуд.
Номбурда гуфт, ки бар асоси гузориш, оморҳое, ки аз назар гузаронидаанд, сарфи назар аз мушкилоти кунунии иқтисодӣ, тамоми кишварҳои узви Иттиҳод тамоюли мусбати рушдро нигоҳ медоранд.
Флаги государств СНГ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Тавофуқи кишварҳои ИДМ дар мавриди кумаки мутақобила дар сурати садамаи ҳастаӣ
"Бигзор он хурд бошад, дар доираи 4 фоиз, вале бо вучуди ин дар тараккиёти иктисодиёти мамлакатхои иттиход таназзул нест. Ба ҳисоби миёна мо (мушоҳида мекунем) дар кишварҳои ИДМ афзоишро мебинем”, - гуфт Сергей Лебедев.
Давлатҳои иттиҳод, гуфт ӯ, ба тамоюлҳои манфии савдои берунӣ зуд вокуниш нишон дода, ҳаҷми савдои байниҳамдигариро дар доираи ИДМ зиёд карданд.
"Ин ба он таъсири мусбат расонд, ки мо тавонистем баъзе тамоюлҳои манфии вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ-ро рафъ кунем", - афзуд Лебедев.
Лентаи хабарҳо
0