Русия аз Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ хориҷ шуд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкТурист во время подъема на второй конус Большого трещинного Толбачинского извержения (БТТИ) в Камчатском крае
Турист во время подъема на второй конус Большого трещинного Толбачинского извержения (БТТИ) в Камчатском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Русия эълон кард, ки аз Созмони Ҷаҳонии Сайёҳии СММ (UNWTO) хориҷ мешавад ва қарори дахлдор низ дар ин бора аллакай қабул шудааст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия ба қабули пешниҳоди хуруҷ аз Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дастур дод, санади мувофиқ бо имзои сарвазир Михаил Мишустин дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
"Пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Русия, ки бо мақомоти манфиатдори федералии иҷроия мувофиқа шудааст, дар бораи хуруҷи Федератсияи Русия аз Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ қабул карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Русия дар арсаи ҷаҳонии сайёҳӣ боқӣ мемонад ва ҳоло ҳам дар барои муколама бо ҳама кишварҳо боз аст, гуфт раиси Агентии федеролии сайёҳӣ Заррина Догузова пас аз нашри қарори ҳукумат.
Ӯ таъкид кард, ки дар баробари сайёҳии дохилӣ Русия дар рушди сайёҳии байналмилалӣ корҳоро идома хоҳад дод.

Боздошти узвияти Русия

Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷмаи Умумии СММ, ки рӯзи 27 апрел баргузор шуда буд, узвияти Русияро мутаваққиф кард.
Ин тасмим дар робита ба амалиёти вижаи Русия дар Украина гирифта шудааст. Дар баробари ин сухан дар бораи комилан аз сафҳои ин ташкилот хориҷ шудан ҳам нест: мувофиқи моддаи 34-уми Оиннома узвият дар сурати "тағйир ёфтани сиёсати ФР" метавонад барқарор шавад.
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2022
Коршинос рушди сайёҳӣ дар ИДМ-ро пешгӯӣ кард
Дар пайи ин вазорати хориҷаи Русия қайд кард, ки Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ воқеан аз ҷониби кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо инҳисор шудааст, ки онро ба манфиати худ истифода мебаранд ва дар ин созмон тасмими сиёсӣ "пешбурда мешавад", ки Маскав онро як иқдоми ғайриқонунӣ ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад.
"Ҷониби Русия идомаи кор дар UNWTO-ро, ки раҳбарияти он сиёсӣ шудани фаъолияти онро маъкул дониста, табъиз нисбат ба кишвари моро ошкоро ҷонибдорӣ мекунад, мувофиқи мақсад намедонад. Дар робита ба ин, Федератсияи Русия тасмим гирифт, ки аз Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ хориҷ шавад", - изҳор дошта буд, ҷониби Маскав
Ташкилот (UNWTO) барои дастрасии умумии сайёҳӣ ва рушди соҳа масъул аст. Он 158 кишвари узвро муттаҳид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0