Суҳбати Раҳмон бо раисони Суғду Хатлон ва супориши махсус ба раҳбарони навоҳии Рашт

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи ҷаҳонӣ аз руасои Суғду Хатлон хост ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раисони вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент,
Тибқи иттилои манбаъ, президент ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла суръати ҷамъоварии ғалладонагиҳо шунидааст.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Дарави ғалла дар Суғд оғоз шуд: нархи орд арзон мешавад?
Роҳбари давлат ба раисони вилоятҳо ва ноҳияҳои зикршуда доир ба таъмин кардани истифодаи самараноки заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, суръат бахшидани кишти такрорӣ барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот дастур додааст.
Президент махсусан, ба раисони ноҳияҳои водии Рашт доир ба зиёд кардани истеҳсоли картошка ва баланд бардоштани ҳосилнокии он супоришҳо додааст.
Инчунин ӯ аз раҳбарони ин минтақа риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", гирифтани пеши роҳи ҳама гуна исрофкорӣ ва зиёдаравиҳоро талаб кардааст.
Раисиҷумҳур дар ин суҳбати телефонӣ ҳамчунин аз вазъи болоравии нарху камчинии маводи ғизоӣ гуфта таври қатъӣ талаб кардааст, ки дар ин самт барои рафъи камбудиҳо тамоми имконот бояд роҳандозӣ шавад
"Бо дарназардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, кам шудани маводи ғизоӣ ва болоравии босуръати нархҳо ба масъалаи истифодаи тамоми захираву имкониятҳо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа дода шавад", - афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки президент аз норасоии маводи ғизоӣ ва мушкили дар ин самт ҳушдор медиҳад.
Ӯ дар гузашта низ таъкӣ мекард, ки бояд ҳар оилаи тоҷик захираи дусола дошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0