Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Афғонистон баргашт - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси пешини Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон пас аз сафари 43-рӯзаи эъломнашудааш дубора ба шаҳри Кобул баргаштааст
Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии давлати пешини Афғонистони субҳи ахиран аз Ҳиндустони дубора ба кобули баргашт.
Оқои Абдуллоҳ дар майдони ҳавои Кобул аз сӯйи бархе сиёсиён аз ҷумлаи Фазли Ҳодии Мусалламёр, раиси маҷлиси сенои давлати пешин мавриди истиқбол қарор гирифт.
Ӯ дар суханронии кутоҳи худ гуфт, ки барои дидани хонаводаи худ ба Ҳиндустони рафта буд ва акнун дубора ба Ватани худ баргаштааст.
Доктор Абдуллоҳ иброз умедворӣ кард, ки ҳамаи мардуми Афғонистон дар фазои адолату сулҳ дар кишвари худ зиндагӣ кунанд ва аз масъулин кунунӣ хост барои эҷоди фазои зиндагии сулҳомез ва одилона дар Афғонистон талош намоянд.
Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон
Раиси Шурои олии мусолиҳаи миллӣ аз яке аз сиёсатмадороне буд, ки пас аз суқути давлати қаблӣ, Кобулро тарк накард.
Ӯ пас аз 7 моҳ, ҳудуди яку ним моҳи пеш барои дидор бо хониводаи худ ба Деҳлӣ рафта буд.
Оқои Абдуллоҳ дар муддати иқомат дар ҳинд низ бо Томи Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистони дидор ва гуфтугӯ кард; аммо ҷузъиёти бештари ин дидор мунташир нашуд.
Пеш аз ин гуфта мешуд ки гуё доктри Абдуллоҳ бо иҷозаи толибон ва ба шарти ин ки дубора ба кишвар баргардад, ба дидори хониводаи худ рафта буд.
Абдуллоҳ: Ҳамла ба намозгузорон хилофи тамоми усулу арзишҳои динию инсонӣ аст
Ин дар ҳолеаст ки ахиран талошҳои ба манзури татбиқи тавофуқномаи Доҳа, ки ду соли пеши миёни Амрикоу толибон имзо шуд ҷараён дорад.
Бар бунёди ин тавофуқ ки омили аслии тасаллути дубораи толибони Афғонистон хонда мешавад, қарор аст ҳукумати фарогири муташаккил аз тамомии гуруҳҳои сиёсиву қавмӣ, дар Афғонистон ташкил шавад.
Аммо толибон мегуянд, ки ҳукумати сарпарасти онон ҳамашумул аст ва баҳонаҷӯиҳо аз сӯйи ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд барои ба расмият шинохта шудани ҳукумати ин гуруҳ поён дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0