Гармои шадид дар Хатлону раъду барқу борон дар Суғд

© Sputnik / Стас ЭтвешЖенщина идет с зонтиком защищаясь от солнца
Женщина идет с зонтиком защищаясь от солнца - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2022
Обуна шудан
Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯи мекунанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа гарм, рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 6 ва рӯзона то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона аз 32 то 37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар вилояти бошад Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришоти сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 24 дараҷа ва рӯзона аз 35 то 40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 18 дараҷа ва рӯзона то 34 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои обуҳавошиносони тоҷик дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 20 дараҷа ва рӯзона то 37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона аз 17 то 19 дараҷа ва рӯзона аз 32 то 34 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0