Аҳволи доллар чӣ мешавад? Пешгӯии дақиқи коршинос

© PixabayДеньги, доллары
Деньги, доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вақтҳои охир доллар ҷойи қаблии худро пайдо карда натавонист ва мақомашро аз даст дод. Дар баробари ин қурби "америкоӣ" боз тамоюли поинравиро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. То охири соли 2022 қурби доллар боло хоҳад рафт. Дар ин бора Александр Данилтсев, директори Донишкадаи сиёсати тиҷоратии Мактаби олии иқтисод дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ба қурби "амрикоӣ" воридоти кам ва гаронии қимати нерӯи барқ ​​сахт таъсир кардааст. Бо вуҷуди ин коршинос бовар дорад, ки вазъият ислоҳ хоҳад шуд.
"Бо мурури замон воридот ба барқарор мешавад. Ин омил боиси заиф шудани қурби рубл хоҳад шуд", - таъкид кард Данилтсев.
Вай ёдовар шуд, ки тибқи пешбинии соли 2023 нархи нафт боло меравад. Аммо ба эътиқоди иқтисоддон, болоравии қимати тиллои сиёҳ наонқадар назаррас хоҳад буд.
Доллар бошад, ба болоравӣ шурӯъ мекунад ва эҳтимолан ба 70 рубл мерасад. Дар натиҷа пули амрикоӣ метавонад пас аз чанд моҳ ба он сатҳе баргардад, ки то оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина буд.
"Омилҳои асосӣ ба боло рафтани он мусоидат мекунанд", - гуфт Данилтсев.
Вай гуфт, ки содирот тадриҷан эҳё мешавад, аммо воридот дар сатҳи имрӯза боқӣ мемонад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
Коршинос шарҳ дод, доллар ба коҳиши минбаъдаи қурби Бонки Русия вокуниш нишон медиҳад.
Чунин тадбирҳо боиси афзоиши талабот ва воридот мешаванд. Дар маҷмӯъ, ҳам содиркунандагон ва ҳам шаҳрвандон ба қурби мутавозин ниёз доранд, қайд кард Данилтсев. Пеш аз амалиёти махсуси Федератсияи Русия дар Украина маҳз ҳамин тавр буд.

Ҷаҳиш ва уфти доллар дар соли 2022

Моҳи феврали соли 2022 доллар ва евро ба ҳадди рекордӣ расиданд.
Қурби "амрикоӣ" аз 120 рубл гузашт ва пули евро то 135 рубл боло рафт. Сабаби якбора боло рафтани қурби асъор як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ буданд.
Аз ҷумла, эътирофи Русия аз ҶМД ва ҶМЛ, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус, ҷорӣ кардани таҳримҳост.
Бонки Русия меъёри бозтамвилро боз коҳиш доду ба ҳадди пештара баргардонд
Бори аввал рӯзи 23 март қурби доллар аз 100 рубл поин рафт ва евро то 105 коҳиш ёфт. Пули русӣ ба далели фурӯши асъор аз ҷониби содиркунандагон ва фурӯши газ ба кишварҳои ғайридӯст бо рубл, мустаҳкам шуд.
Дар баробари ин "америкоӣ" тамоюли пастшавии худро давом дод.
Ҳамин тавр, рӯзи 7 апрел қурби доллар аз 75 рубл низ поинтар рафт. Дар оғози муомилоти рӯзи 5 май дар биржаи Маскав қурби доллар барои нахустин бор аз моҳи марти соли 2020 то ба 65 рубл ва евро то 72 коҳиш ёфт. Баъд аз ин, поин рафтани арзҳо идома ёфт, ки ҳоло ҳам сабт мешавад.
Лентаи хабарҳо
0