Боздошти ронандаи фирорие, ки ноболиғро пахш карду гурехт

© PixabayВодитель за рулем автомобиля, архивное фото
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Ронандаи автомашинаи тамғаи "Шкода" дар пойтахт аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди ноболиғро пахш намудаву фирор кардааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ронандае, ки дар шаҳри Душанбе пиёдагарди ноболиғро пахш кардаву фирор намуда буд, боздошт гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда Нуров Мавлоно Миралиевичи 29-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи "Шкода" сокини шаҳри Бохтар мебошад.
Ӯ санаи 12-уми июни соли 2022, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи А.Дониш ба самти кӯчаи Беҳзоди пойтахт, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Маҳмадуллои 12-сола, сокини шаҳри Душанберо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
"Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Абдуллоев Маҳмадулло чароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст", - афзудааст манбаъ.
ДТП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Дар садамаи мудҳиш дар Душанбе 2 нафар кушта ва 9 нафар захмӣ шуданд
ВУД мегӯяд, ронанда зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, дастгир карда шуда,.
Гуфта мешавад, ҳоло дар бораи қазия таӽқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ин нищод аз марги ноболиғ зери чархи “Опел-Астра” дар ноҳияи Ҳамадонӣ хабар дода буд.
Мақомот гуфтанд, ки ронанда ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Пахтакори ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғ, Чориев Аюби даҳсоларо пахш кардааст, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Лентаи хабарҳо
0