Бозмондаи "Азовстал" даҳшатовар аст - видео

Обуна шудан
Корхонаи "Азовстал" дар Мариупол ягона маконе буд, ки ҳазорон сарбози украинӣ пас аз озод кардани ин шаҳр дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия он ҷо боқӣ мондаанд
Дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс артиш ва воҳидҳои ин кишвар Мариуполро аз миллатгароёни украинӣ пок карданд.
Боқимонда ҷанговарон дар заводи азими металлургии "Азовстал" паноҳ бурданд. Миёни ҷангҷӯён сокинони осоишта низ қарор доштанд.
Низомиёни рус аз ҷангҷӯёни дар "Азовстал" паноҳбурда даъват намуданд, ки бидуни хавф ба ҷони худ таслим шаванд ва ҳамчунин сокинони осоиштаро раҳо кунанд.
Дар мадҳ ин талаби Русия шунида нашуд, вале баъдан сокинони осоишта имкон пайдо карданд, то аз ҳудуди ин корхона берун шаванд.
Бозёфтҳо аз "Азовстал" артиши Русияро ба даҳшат овард - аксҳои ҳайратангез
Қувваҳои мусаллаҳи Украина қариб ду моҳ дар ин корхона зиндагӣ карданд.
Бояд гуфт, кишвардори Русия Владимир Путин дастур дода буд, ки ба корхонаи мазкур ҳамла сурат нагирад ва аз он ҷо бояд "пашша пар назанад".
То он вақт, дар "Азовстал" беш аз ду ҳазор нафар боқӣ монда буд. Рӯзи 20 май намояндаи расмии Вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков аз озод кардани корхона аз дасти ҷангҷӯён хабар дод.
Ӯ қайд кард, ки аз 16 май инҷониб қариб 2,5 ҳазор нафар миллатгароёни украинӣ яроқу аслиҳаи худро ба замин гузошта, таслим шуданд.
Лентаи хабарҳо
0