Як кишвари дигар довталаби узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхай шудаст

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шӯрои вазирони Беларус аллакай дархости ҷумҳурии довталаб барои узвият дар Созмони Ҳамкории Шанхайро тасдиқ карда, пешниҳод ба президенти кишвар таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Беларус дархости узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро омода кардааст, хабар дод фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури СҲШ, Бахтиёр Ҳакимов.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай пешниҳоди мазкур аз ҷониби Шӯрои вазирони ин кишвар таъйид шудааст. Ҳакимов ин нуктаро змни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар шаҳри Тошканд баён дошт.
"Ман бо сардори Сарраёсати Вазорати умури хориҷии Белорус машварат доштам, аз ӯ фаҳмидам, ки ҷониби белорусӣ муроҷиат хоҳад кард, то фавран ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай муроҷиат хоҳад кард", - гуфт вай.
Манбаъ афзуд, ки аллакай пешниҳод ба президенти Белорус барои дархости узвият дар СҲШ омода шудааст.
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Дар зимн Бахтиёр Ҳакимов тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир ин пешниҳоду дархост дар сатҳи байниидоравии Белорус қарор дорад ва феълан ин кишвар ҳамоно дорои мақоми давлати нозир дар СҲШ мебошад.
Феълан созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд.
Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0