Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров нақл кард, чӣ гуна артиши Украина ба доми чеченҳо афтид

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Чеченистон дар бораи ҳодисаи Северодонетск, ки чӣ гуна нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба доми низомиёни чечен афтиданд, нақл кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров рӯзи сешанбе дар бораи ҳодисае дар минтақаи саноатии Северодонетски ҶМЛ, ки артиши украинӣ ба камини воҳиди "Аҳмати Чеченистон" "пешпо" хӯрд, нақл кард, менависад РИА "Новости".
"Ман мехоҳам ба шумо як ҳодисаи аҷибе нақл кунам. Дирӯз як гурӯҳи зебо ва тавоно - ҳарбиён ба Северодонетск парвоз кардаанд. Ба фикрам, онҳо мехостанд филмбардорӣ кунанд. Аз мошин фаромада ва сипас давида хостанд дохили бино шаванд. Ва дар он ҷо "Аҳмат". Дар камин. Ва чӣ гуна ба онҳо ҳуҷум карданд. Онҳо гурехта, базӯр "дусад" [кушта], "сесад" [маҷруҳ]-ро ба мошин боркарданду рафтанд", — навиштааст Қодиров дар канали Telegram-аш.
"Ин афсона нест", - афзуд Қодиров ва тавсия дод, ки филмро дар Киев наворбардорӣ кунанд.
Отработка сопровождения гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Киев барои бурунории мардуми осоишта аз "Азот" долони башардӯстона хост
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бозёфтҳо дар "Азовстал" артиши Русияро ба даҳшат овард - аксҳои ҳайратангез
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард кишвардори Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод.
Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0