Дар Тоҷикистон соли хониш барои хонандагони синфи якум пештар оғоз мешавад: сабаб

© Sputnik / Амир ИсаевРӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, дарс барои хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон як моҳ пештар аз оғози соли хониши маъмулӣ оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли хониши 2022-2023 барои хонандагони синфи 1-ум як моҳ пештар 1 август оғоз мешавад.
Дар ин бора муовини сардори Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода.
"Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил, бо Қарори мушовараи Вазорати маориф дарсҳо аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад", — гуфт Зиёратшоҳ Назруллозода.
Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар синфи 1-ум, дар Тоҷикистон 1 июл оғоз мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Ба гуфти Назруллозолда, феълан дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
"Дар баъзе аз ноҳияҳои дурдастарин мамлакат қабули хонандагон ба синфи якум аз нимаи моҳи июн низ оғоз мешавад", — гуфт ӯ.
Муҳассилини Суғд аз олимпиадаи байналмилалӣ 39 медали тиллою нуқра оварданд
Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маорф, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин:
варақаи шахсии хонанда;
ду дона расми се ба чор;
аризаи волидайн оид ба қабул;
шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;
ҳуҷҷати тиббӣ;
ду нусхагӣ шиносномаи волидайн;
шаҳодатномаи ақди никоҳ;
маълумотнома аз ҷой зист.
Ёдрас мешавем, ки соли таҳсили 2021-2022 бо фармони вазири маориф, барои синфҳои 1 аз 25 май ва барои синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2022 ба анҷом расид.
Лентаи хабарҳо
0