ВКХ тирпарронӣ дар марзро амали таҷовузкорона ва иғвоабарангези Қирғизистон хонд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷониби Тоҷикистон амалкарди Қирғизистон дар марзи муштаракро амали таҷовузкорона ва иғвоангезӣ хонда гуфтааст, ки он хусусияти мунтазам гирифтааст
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Душанбе амали ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистонро, ки субҳи 14 июн сар зад, як иғво хонда ва онро маҳкум кардааст. Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки дар торномаи расмӣ нашр шудааст, гуфта мешавад.
Тибқи изҳороти ВКХ соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ, дидбонгоҳи сарҳадии "Кех" аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо истифода аз яроқи гуруҳӣ ва миномётҳо ба ҳамлаи ногаҳон гирифтор шуд.
"Дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи беасос командири дидбонгоҳи сарҳадии "Кех" ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ҷамоати деҳоти Ворух интиқол дода шуд. Айни замон вазъи саломатии ӯ бисёр вазнин аст", - омадааст дар изҳорот.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳои фаврии бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон миёни намояндагони сарҳадии тарафҳо доиршуда, соати 07:30 бо вақти маҳаллӣ оташбас муяссар гардид.
ВКХ бо ишора ба щолатщои ахири рухдода гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон бо таассуф таъкид мекунад, ки амалҳои иғвоангезонаи Қирғизистон бар зидди Тоҷикистон хусусияти мунтазам гирифтаанд.
Въезд  в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Зодаи ноҳияи Дӯстӣ ва 26-сола: сарбозе, ки дар марз фавтид, кист?
"Ин амалҳои ғайриқонунӣ вазъиятро дар сарҳад танҳо мушкил карда, ба нигоҳдории фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии дӯстона мусоидат намекунад", - афзудааст манбаъ.
Тоҷикистон амалҳоии иғвоангезонаи хизматчиёни ҳарбии Қирғизистонро маҳкум карда, аз ҷониби Қирғизистон талаб мекунад, то ҷиҳати пешгирии чунин муноқишаҳо дар оянда чораҳои бетаъхир андешад, таъкид кардааст ниҳоди дипломатӣ.
Ёдовар мешавем, ки тирпарронӣ соати 06:00 ба вақти маҳаллӣ сар зад, ки дар натиҷаи он Муродбек Маҳмадқулови 26-сола, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ки дар нерӯҳои марзбонӣ хизмат мекард, кушта шуд.
Ҳамчунин манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ду тани дигар захмӣ ба шифохонаи марказии шаҳри Исфара интиқол дода шудаанд.
Давоми беш аз 10 рӯзи охир ин маротибаи дуюм аст, ки минтақаи "Кех"-и Ворух дар марз бо Қирғизистон шоҳиди тирпаррониҳо мешавад.
Субҳи рӯзи 3 июн миёни марзбонони қирғизу тоҷик дар ин мавзеъ тирпарронӣ рух дода буд.
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Субҳи ноором. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпарронӣ рух дод
Он замон шоҳидони ҳодиса дар ҷамоати Ворух ҷузъиёти онро шарҳ дода гуфта буданд, ки “марзбонони қирғиз ба тарафи марзи Тоҷикистон ворид шуда, тирпаррониро шурӯъ намудаанд. Дар натиҷаи ин амал марзбонони тоҷик ҳам тири ҷавобӣ кушодаанд ва қирғизҳо ба қафо баргаштаанд”.
Вуқӯи ин ҳодисаро Меҳринисо Раҳматова, раиси ҷамоати Ворух низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
Лентаи хабарҳо
0