Дар Ванҷ як зани ҷавон худ ва кӯдаки яксолаашро дар рӯди Язгулом ғарқ кард

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Феълан маълум нест, ки чаро ин зани 20-сола қасд ба ҷони худу кӯдакаш намудааст. Имдодгарон танҳо ҷасади духтарро пайдо карданд ва ҷустуҷӯи тифлаш идома дорад
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ванҷ як ҳодисаи нохуш иттифоқ афтодааст: ҷавонзани 20-сола ба ҷони худу фарзандаи яксолааш сӯиқасд намудаст.
Бар хабари дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, марҳум сокини деҳаи Будуни ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ буда, худ ва кӯдакашро ғарқи дарё намуд.
Гуфа мешавад, феълан маълум нест, ки чаро духтари ҷавон ба ҷони худу фарзандаш сӯиқасд намудааст.
Манбаъ меафзояд, бо дастрас намудани хабари нохуш, наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади духтарро пайдо намуда ба пайвандонаш супурданд.
"Ҷустуҷӯи тифли яксола ҳамоно идома дорад", - омадааст дар хабари манбаъ.
КҲФ ҳамчунин аз як ҳодисаи дигари ба ин монанд хабар додааст.
Ин ниҳод афзуда, ки як сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба қисми навбатдории КҲФ занг зада, хабар расондааст, ки писари шашсолаи ӯ дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст.
Феълан наҷотбахшон дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Фоҷиа дар Шаҳринав: ду ноболиғ дар канали Ҳисор ғарқ шуданд
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, аз аввали сол дар Тоҷикистон ба далели риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ дар об ҳангоми шиноварӣ 56 нафар ғарқ шудаанд.
Аз ин чумла, панҷ кӯдаки то чорсола, нӯҳ нафар кӯдакони то даҳсола, 16 нафар наврасони то 16 - сола ғарқи рӯду кӯлҳо шуданд.
Илова бар ин, 19 нафар ғарқшудаҳо аз 17 то 35 - сола буда, ҳафт нафари дигар аз 35 - сола боло буданд.
Лентаи хабарҳо
0