Гурӯҳи соҳибкорон дар Хоруғ аз бозори марказӣ ба макони нав кӯчонда шуданд

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бархе аз соҳибкорони бозори марказии шаҳри Хоруғро, ки ахиран оташ гирифта буд, дар бозори "20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷой додаанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Кӯчондани гурӯҳе аз соҳибкрон ба бозори "20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо дастури Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сурат гирифтааст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли ҳукумати ВМКБ хабар дода, ҳадафи онро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва маданияти шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.
Ба макони нав асосан тоҷироне кӯчонда шудаанд, ки дар бозори марказии Хоруғ ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул буданд.
Кӯчондани ин гурӯҳи соҳибкорон дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл дар бозори марказии шаҳри Хоруғ сӯхтор сар зада буд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз дӯконҳои хӯроки тезтайёр сабаби сар задани ин оташсӯзӣ гардидааст.
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Қоидаи ягона: Раҳимзода роҳи рушди бештари муносибот бо Ӯзбекистонро гуфт
Дар натиҷаи ин сӯхтор яке аз биноҳои марказӣ дар масоҳати тахминан 500 метри мураббаъ, ки 48 мағозаро дарбар мегирад, аз оташ зарари ҷиддӣ дида, 14 мағозаи дигар қисман хароб гардидааст.
Вазорат мегӯяд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари сӯхтор ба як миллион сомонӣ баробар аст. Хушбахтона, бар асари ин ҳодисаи нохуш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Пештар раиси вилоят Алишер Мирзонабот аллакай аз бозор дидан карда, бо соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар диданд, суҳбат карда буд.
ВУД Тоҷикистон меафзояд, вобаста ба ҳодисаи сӯхтор аз тарафи додситонии ВМКБ санҷишҳои пешакӣ оғоз шуда, чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0