"Ҷуброни зарари таҳримҳо". Таваррум дар ИМА ва ИА меафзояд

CC0 / pxhere / Доллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Таваррум дар Олмон ба ҳадди рекордӣ расид. Шаҳрвандони ин кишвар чунин рекордро аз соли 1973 инҷониб надида буданд. Барқ аз ҳама масрафи бештар дорад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik, Ирина Бадмаева. Афзоши нархҳо дар ИМА нуқтаи ист надорад: дар он бари уқёнус арзиши бензин босуръат боло меравад. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Ғарб барои таҳримҳои зидди Русия ҳамин тавр пардохт мекунад.

Дар маҷрои таваррум

Нархҳо дар Олмон бо суръати баланд афзоиш меёбанд. Моҳи май таварруми солона то ҳашт фоиз боло рафт, ки ин дараҷаи баландтарин дар ним аср мебошад. Зимистони соли 1973 нархи тилои сиёҳ бо сабаби буҳрони нафтӣ афзуд.
Хароҷи энергетикӣ ҳоло ҳам аз ҳад зиёд аст. Илова бар ин нархи ғизо боло меравад. Вазъият дар Британияи Кабир, ки намояи музди кор бо нархҳо баробар нест. Қобилияти харидорӣ ба ҳадди аққал мерасад.
Амрикоиҳо низ сарфаҷӯӣ мекунанд. Моҳи май дар ИМА таваррум аз ҳадди 8,5-дарсадӣ гузашт. Вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен иқрор шуд, ки қимати бензин дар ин кишвар ду баробар боло рафт: маҳдудиятҳои интиқоли нафти Русия таъсир расондаанд.
Заместитель председателя Совбеза РФ Д. Медведев дал интервью российским СМИ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Медведев: Аврупо барои хариди нафти Русия роҳҳои пинҳонӣ ҷустуҷӯ хоҳад кард
Дар моҳи март Амрико хариди тилои сиёҳ аз Русияро манъ кард, дар аввали моҳи июн Иттиҳодияи Аврупо ба он ҳамроҳ шуд. Аммо аврупоиҳо ҷуръат накарданд, ки аз карбогидридҳои Русия комилан даст кашанд. Интиқоли он тавассути баҳрро маҳдуд карданд. Аммо эмбаргои сабук безарар ба ҳамёнҳои амрикоиҳо ва аврупоиҳо набуд. "Таваррум бо афзоиши нархи сӯзишвории дизелӣ, ки аз омехтаҳои вазнин, аз ҷумла “Urals” Русия иборат аст, суръат мегирад. Дар натиҷа масориф дар ИМА ва ИА ба ҳадди баландтарин расиданд", - шарҳ медиҳад Владислав Антонов, таҳлилгари умури молии “BitRiver”.
Ҳоло Ғарб дар ҷустуҷӯи ҷойгузини нафти Русия аст. Аммо ин кори осон нест. Дабири кулли ОПЕК Муҳаммад Баркиндо ҳушдор додааст, ки кишварҳои содиркунанда иқтидори озод барои ҷуброни содироти тилои сиёҳи Русияро надоранд. Сухан дар бораи ҳафт миллион баррел дар як рӯз меравад.
Аз ин рӯ ширкатҳои ташаббускори ғарбӣ коктейл аз Урал ва дигар навъҳоро месозанд. Мувофиқи ин тартиб "Шелл"-и америкоӣ яке аз аввалинҳо шуда кор кард. Ширкат ба тоҷирони худ иҷозат дод, ки сӯзишвории дизелии дорои карбогидридҳои Русияро харидорӣ намоянд. Маҳсулоте, ки "омехтаи Латвия" ном дорад, дар бандари Вентспилс омода мешавад.
Роҳи дигари канорагирӣ аз таҳримҳо фурӯши дубора аст. Дар ҳоле ки бандарҳои Амрико ва Аврупо барои киштиҳо аз Русия баста шудаанд, нафт аз кишварҳои дигар интиқол дода мешавад. Масалан, интиқоли нафт аз Ҳиндустон ба Аврупо ва ИМА хеле афзоиш ёфтааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо ин ҳама ашёи хоми ҳиндӣ унвон шудаанд, аммо дар асл он ҳама русӣ ҳастанд.

Дарёфти роҳи даврзанӣ

Дар ҳоле ки ширкатҳои ғарбӣ аз таҳримҳо канорагирӣ мекунанд, Кохи Сафед роҳи эъмоли таҳримҳои шадидро меҷӯяд.
Ҷо Байден гуфт, ки амалиёти вижаи низомӣ дар Украина мусаббаби таваррум аст.
"70 дарсади таваррум ба афзудани нархи бензин аз ҷониби Путин марбут аст", - гуфт президенти Амрико.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар Амрико аз соли гузашта қимати колоҳо боло рафт. Баъдан, дар моҳи июн сатҳи таваррум ба ҷои яку ним-ду фоизи муқаррарӣ 3,5 фоизро ташкил дод.
Мақомоти молии ин кишвар барои рафъи оқибатҳои буҳрони корона як дастгоҳи чопи пулро ба кор андохтанд. Системаи захоири федералии ИМА иқтисодиётро бо триллионҳо доллар пур кард. Дар баробари ин он сатҳи пасти асосиро нигоҳ дошт: наздик ба сифр.
Мақомоти ин кишвар бовар доштанд, ки афзоиши нарх таъсири кутоҳмуддат хоҳад. СЗФ ва Бонки марказии Аврупо ба пурзӯр кардани сиёсати пулию қарзӣ шитоб намекарданд. Сусткории танзимгарони ғарб боиси суръати таваррум гардид.
Илова бар ин дар авохири соли гузашта нархи энержӣ афзоиш ёфт: дар ИА нархи газ барои ҳар ҳазор метри мукааб ба се ҳазор доллар расид.
Тамоюли болоравӣ дар соли 2022 идома ёфт. Таҳримҳои зидди Русия ба оташ рӯған рехтанд: онҳо боиси боло рафтани қимати метал, маҳсулоти нафтӣ ва кишоварзӣ шуданд. Аммо ҳукуматдорони Ғарб хатоҳои худро эътироф намекунанд.
Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки аврупоиҳо ва амрикоиҳо бояд миёни худро муҳкамтар банданд.
Нефтяной насос на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
"Bloomberg" гуфт, чӣ гуна Путин ба дардноктарин нуқтаи Аврупо зарба зад
Дар масъалаи интиқоли ғалла аз Русия ва Украина мушкилот пеш меояд. Ғарб қодир нест, ки коҳишро ҷуброн кунад. Масалан, дар ИМА аз сабаби хунукӣ кишт дер cap шуд. Илова бар ин кишоварзони хориҷӣ ба қадри кофӣ нуриҳои минералии русӣ надоранд. Иттиҳоди Аврупо ва ИМА дар охири моҳи феврал аз истифодаи онҳо даст кашида буданд.
Бе он инсоният ба хавфи мурдан аз гуруснагӣ рӯ ба рӯ мешавад. Русия аз ҷиҳати таъминоти нуриҳои минералӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Мувофиқи маълумоти “Росстат”, соли гузашта истеҳсоли нуриҳои минералӣ 5,6 фоиз афзуда, ба 24,9 миллион тонна расидааст. Қариб 65 дарсади он барои содирот аст, ки 22 дарсад аз он ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида меравад.
Михаил Коган, роҳбари тадқиқоти таҳлилии Мактаби олии идоракунии молӣ гуфт, таваррум дар ИА ва ИМА метавонад ба ҳадди дурақамӣ афзоиш пайдо кунад.

Адами меъёри ягона

Дар ҳамин ҳол Амрико афзоиши меъёри асосиро ба таъхир меандозад. Ҳамин тариқ Бонки марказии ИМА ният дорад, аз афзоиши нархҳоро ҷилавгирӣ кунад. Ҷаласаи навбатии ин бонки танзимгар рӯзҳои 13-19 июн баргузор мешавад. БМА шитоб намекунад. Қарор аст, дар моҳи оянда сиёсати пулию қарзӣ шадидтар шавад.
Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ин иқдомот онҳоро аз вазъ берун оварда наметавонад. Афзоиши меъёр талаботи истеъмолиро кам карда, хароҷоти харидоронро зиёд мекунад ва боиси давраи нави таваррум мегардад. Гузашта аз ин бинобар заъфи иқтисодӣ ИМА дар хатари ворид шудан ба таназзул қарор мегирад.
"Фурӯши тилои сиёҳ аз захираҳои стратегии ин кишвар низ қимати онро коҳиш намедиҳад. Дар бозори нафт тамоюли болоравӣ идома дорад. Сатҳи болотар аз 130 доллар барои як бушка нафти “Брент” пешбинӣ мешавад. Ин маънии онро дорад, ки пешгирӣ аз болоравии қимат ғайримумкин аст", - мегӯяд Владислав Антонов, таҳлилгари умури молии “BitRiver”.
Дар ҳамин ҳол кишварҳо мустақилона бо таваррум мубориза мебаранд. Масалан, дар Олмон даъват мекарданд, ки барои сарфа намудани "ҳар қатраи бензин" суръати ҳаракатро суст кунанд. Райнер Ҳоффман, роҳбари Ассотсиатсияи иттифоқҳои касабаи Олмон гуфт: "Мо метавонем муваққатан дар роҳҳои бузурги автомобилгард то 100 км/соат ва дар шаҳрҳо 30 км/соат маҳдудияти суръати ҳаракатро ҷорӣ кунем".
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин мисли таҷрибаи бесуд аст. Барои ба эътидол овардани вазъ ва ҷилавгирӣ аз буҳрони энержӣ таҳримҳои зиддирусиро лағв кардан лозим аст. Федор Сидоров, асосгузори Мактаби сармоягузории амалӣ ҳушдор медиҳад, ки ҷаҳон ба стагфлятсия (уфти иқтисод бо шитоби ҳамзамони таваррум ва бекорӣ) дучор мешавад. Ба гуфтаи ӯ, марҳалаи аввали буҳрони нави молию иқтисодии ҷаҳонӣ бо ҷиддитарин паймадҳо ва миқёсҳо пас аз буҳрони бузурги соли 1929 хоҳад буд, ки гуфта мешавад, дар ҳоли оғоз шудан аст.
Лентаи хабарҳо
0