Макрон гуфт, Украина бояд бо Русия музокира кунад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Франции Эммануэль Макрон
Президент Франции Эммануэль Макрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Фаронса гуфт, ки мақомоти Украина бояд бо Русия музокира кунанд ва кишварҳои аврупоӣ низ ҳамчун кафили амният сари мизи музокира хоҳанд нишаст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, мақомоти Украина пас аз барқарории оташбас бояд бо Русия музокира кунанд.

"Рӯзе мерасад, ки мо ба Украина барои зинда мондан кӯмак хоҳем кард <...>, вақте оташбас муқаррар мешавад, мо бояд музокиротро оғоз кунем. Раисҷумҳури Украина ва аъзои ҳукумат бояд бо Русия музокира кунанд", - гуфт Макрон.

Ӯ ин нуктаро зимни як конфронси матбуотӣ пас аз мулоқот бо президенти Руминия Клаус Иоганнис изҳор дошт.
Раҳбари Фаронса таъкид кард, ки дар ин рӯз аврупоиҳо низ дар сари мизи ин музокираҳо хоҳанд нишаст, то ба унвони кафили амният амал кунанд.
Макрон рӯзи сешанбе вориди Руминия шуд, то бо нерӯҳои фаронсавии мустақар дар ин кишвар дар чаҳорчӯби миссияи НАТО мулоқот кунад.
Ӯ ҳамзамон гуфт, ба Владимир Зеленский изҳор доштааст, ки аврупоиҳо як қитъаи муштарак доранд, Русия чун қудрати қавии як қисми он буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Макрон бо як ибора дар бораи Русия Украинаро тарсонд
Қаблан Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки музокироти Русия ва Украина ба бунбаст расидааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз матраҳ кардани тарҳҳои созишномаҳо аз ҷониби Маскав ҳеҷ пешравӣ мушоҳида нашудааст.
Вай ёдовар шуд, ки охирин мулоқоти рӯ ба рӯйи намояндагони Русия ва Украина дар Истанбул баргузор шуд.
Қабл аз ин котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи шароити мулоқоти ду президент гуфта буд. Ба гуфтаи ӯ, мулоқоти сарони кишварҳо танҳо барои анҷоми як санади ниҳоӣ имконпазир аст.
Лентаи хабарҳо
0