Нигаронии сокинони Ворух аз даргириву муноқишаҳо дар марз

© Sputnik Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане
Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокинони наздимарзии деҳоти Ворух мегӯянд, бинобар рух додани тирпаррониҳои марзӣ, ки дар ин охирҳо бештар шудаанд, дар ташвишанд
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Сокинони наздмарзии Ворух мегӯянд, мавзеи Кех то ин вақт аз минтақаҳои амн маҳсуб мешуд. Аммо дафъаҳои охир ин минтақа шоҳиди чанд мавриди тирпарронӣ будааст. Вуқуи чунин ҳодисаҳои мудҳиш сокинонро нигарон кардааст.
Рафохӯҷа Каримов, як сокини деҳаи Ворух мегӯяд, дар мавзеи Кех тоҷикону қирғизҳо якҷоя кору зиндагӣ мекарданд ва то ду соли қабл боре ҳам дар ин минтақа садои тир баланд нашуда буд.
Ба гуфтаи ин сокини 73-солаи Ворух, мардум ҳама бо маслиҳат аз чарогоҳҳо истифода мекарданд. Вале дар давоми як сол бори сеюм аст, ки ин мавзеъ ба макони муноқишаҳои марзӣ табдил меёбад.
Кушта шудани як марзбони тоҷик дар тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон
"Ман фикр мекунам, ки ба мавзеи Кех аз ҷониби қирғизҳо одамони бегонаро овардаанд. Қирғизҳое, ки қаблан дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, боре ҳам дар ин ҷо муноқиша ва ҷангу ҷанҷол накардаанд, ҳатто дар замоне ки дар поён муноқиша ҷараён дошт. Зеро аз давраҳои пеш бо мардуми ин маҳал равуо доштанд. То соли гузашта ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо чорвояшонро ба чарогоҳҳои он мавзеъ мебароварданд”, - гуфт ин сокини Ворух.
Ин сокини деҳаи марзии Исфара мегӯяд, тирпаррониҳо онҳоро ба ташвиш меорад.
Сокини дигари Ворух мегӯяд, аз ин ки муноқишаҳо зуд-зуд рух медиҳанд, ҳайрон аст.

"Дар ин муноқишаҳо аз ҳар ду тараф сарбозоне захмӣ шуданд. Вазъият муътадил мешавад, вале баъди чанд вақти дигар мефаҳмем, ки боз муноқиша ва тирпарронӣ сар задааст. Мо ҳайронем, ки чаро ин ҳодисаҳо рух медиҳанд”, - иброз намуд як сокини деҳаи наздимарзӣ.

Субҳи барвақти 14 июн мавзеи Кехи ҷамоати Ворух, ҳаммарз бо Ботканд шоҳиди боз як тирапарронӣ гардид.
Манобеъ аз ҷамоати Ворух дар шарҳи ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки тирпаронӣ соати 6 рух дод ва то ду соат давом кард.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
ВКХ тирпарронӣ дар марзро амали таҷовузкорона ва иғвоабарангези Қирғизистон хонд
Бар асари ин ҳодисаи марзӣ як сарбози тоҷик дар Ворухи Исфара ба ҳалокат расидааст. Аз сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов, сокини 26-солаи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) ном мебаранд, ки дар роҳи ҳифзи сарҳади кишвар истодагарӣ кард ва дар зимни иҷрои вазифааш ба шаҳодат расид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороташ амалкарди Қирғизистон дар марзи муштаракро таҷовузкорона ва иғвоангезӣ хонд.
Ҷониби Қирғизистон, ки дар гузашта дар бораи захмиёни задухӯрдҳо ҳамеша иттилоъ медод, то ҳол чизе дар бораи тирпаронии рӯзи 14 июн нагуфтааст.
Давоми беш аз 10 рӯзи охир ин бори дуюм аст, ки маҳаллаи Кехи Ворух, дар марз бо Қирғизистон шоҳиди задухӯрд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0