Ду ширкати ҳавопаймоӣ иҷозаи парвоз аз Перм ба Тоҷикистонро дархост кардаанд

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксСамолет Airbus A320 авиакомпании "Уральские авиалинии"
Самолет Airbus A320 авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкатҳои ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ва "Азур Эйр" қасд доранд аз Перм ба ду шаҳри бузурги Тоҷикистон парвозҳо анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ду ширкати ҳавопаймоӣ бо мақомоти Перм дар мавриди боз кардани парвозҳои мустақим ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро баррасӣ доранд.
Ҳамин тариқ, дар ҷадвали фурудгоҳи "Болшое Савино" шояд парвозҳои нав ба Тоҷикистон пайдо шаванд.
Дархостҳо аз сӯйи ду ширкати ҳавопаймоӣ, ки яке "Уралские авиалинии" ва дигари "Азур Эйр" мебошад, пешниҳод шудааст.
Тавре аз маводи ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба қабули ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамлу нақли ҳаво бармеояд, ширкати "Уралские авиалинии" нақша дорад, ки ҳафтае ду маротиба парвозҳоро дар хатсайри Перм-Душанбе анҷом диҳад.
Ширкати ҳавопаймоии "Азур Эйр" қасд дорад дар масири Перм-Хуҷанд низ ҳафтае ду маротиба парвоз кунад.
Ҳамчунин ба роҳ мондани парвозҳои мустақим аз Перм ба пойтахтҳои Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон низ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2022
Раҳмон аз ташкили хатсайрҳои нави парвоз бо нархи дастрас ва ҷалби сайёҳон гуфт
Ёдовар мешавем, ки қаблан ширкати "Nordwind Airlines" барномаи парвоз аз Перм ба Душанберо эълон кард.
Ин ширкат хабар дод, ки парвоз ба Тоҷикистон рӯзҳои шанбе анҷом меёбад, вале дар вебсайти фурудгоҳи Перм он ҳамон ҷадвали дақиқи парвоз вуҷуд надошт.
Лентаи хабарҳо
0