Тоқаев гуфт, дар нооромиҳои моҳи январ аз ӯ хостанд, Қазоқистонро тарк кунад

© AFP 2022 / HANDOUTКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвари Қазоқистон дар эътирозҳои моҳи январ дар қароргоҳи худ дар Нурсултон буд, ҳарчанд ба ӯ тавсия доданд, ки бояд кишварашро тарк кунад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфт, ҳангоми ҳодисаҳои январ ба ӯ тавсия дода шуд, ки ин кишварро тарк кунад. Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" иттилоъ дод.

"Мақсади ҳамаи табаддулотҳо ба сари қудрат овардани дигар нафарон буд. Вале ман тамоми он рӯзҳо дар қароргоҳи президент будам, ҳеҷ куҷо нарафтам. Гузашта аз ин табиист, ки ман шабро дар он ҷо рӯз кардам", - гуфт Тоқаев дар ин мусоҳибааш.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз дар ибтидои ошӯб ӯ изҳор карда буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ кишварашро тарк намекунад.
"Баъзе" рафиқон ба ман пешниҳод карданд, ки ё дар чархбол ё дар ҳавопаймо нишаста, Қазоқистонро тарк кунам. Табиист, ки ман ин корро ба ҳеҷ ваҷҳ ба нақша нагирифта будам ва бовар доштам, ки бояд то охир дар ин ҷо бошам", - шарҳ дод роҳбари Қазоқистон.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар рӯзҳои аввали соли 2022 шуруъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар мухолифи ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ буданд.
Военная техника российской части миротворческих сил ОДКБ на аэродроме в Алма-Ате - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Бордюжа гуфт, агар Тоқаев каме дер мекард, бо Қазоқистон чӣ рух медод
Баъдтар эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна, калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн ва дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд. Норизоён силоҳ гирифтанд ва ба бинои муассисаҳои давлатӣ ҳамла намуданд.
Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари ин кишвар вазъияти изтирорӣ эълон ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд.
Ба иттилои Додситонии кулли Қазоқистон, дар пайи ошӯбҳо 230 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0