Аз амният ба иқтисод: Олимов дар Санкт-Петербург аз майлони нави СҲШ гуфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксГлава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве
Глава МД РФ С. Лавров открыл полит-консультации стран-членов ШОС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дипломати тоҷик дар ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург аз вазъи феълии ҳамкориҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай суҳбат карда афзуд, ки имкониятҳо ҳанӯз зиёданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қаблан бештар ба масоили амниятӣ такя мекард, тайи солҳои охир рӯ ба иқтисоду тиҷорат овардааст.
Ин нуктаро Рашид Олимов, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай зимни ҳамоиши иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург баён дошт.
Ба гуфтаи Олимов, феълан ҳудуди 40 санад дар ҳоли коркард қарор доранд, ки интизор меравад, ба баррасии роҳбарони давлатҳо дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон пешниҳод гарданд. Ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ моҳи сентябри соли равон дар Самарқанд дар назар аст.
Собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дабири СҲШ гуфт, аксари санадҳои таҳияшаванда дар ҳоли ҳозир дар доираи ин созмон ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ марбут мебошанд.
Албатта масоили амниятӣ, аз ҷумла Афғонистону баъзе фаъолиятҳои террористиро дар доираи созмон касе сарфи назар намекунад, аммо майлони бузурге ба иқтисодиёту тиҷорат ҷой дорад, афзуд Рашид Олимов.
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Зас: СПАД ба таҳкими ҳамкориҳо бо СҲШ умед дорад
Ӯ ҳамчунин аз стратегияи пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкорӣ дар доираи СҲШ то соли 2030 зикр намудаст, ки феълан дар ҳоли коркард қарор дошта, барои баррасӣ ба доираи коршиносон пешниҳод хоҳад шуд.
Вай таъкид намуд, ки феълан зарфиятҳои зиёди истифоданашудаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай боқӣ мондаанд.
Феълан созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шанхай соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0