Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар корхонаи "Азот" чӣ мегузарад - видеои ҳайратангез

Обуна шудан
"Азовстал"-и дуюм: ҷангиёни украинӣ, ки дар минтақаи саноатии корхонаи "Азот" дар банд уфтодаанд, қасд доранд, пушти мардуми осоишта пинҳон шаванд
Хабарнигори РИА "Новости" аввалин видео аз минтақаи саноатии корхонаи “Азот” дар шаҳри Северодонетски Ҷумҳурии Мардумии Луганск пешкаш кард.
Бехатарии журналистро милитсияи халқии ҶМЛ таъмин намуд. Дар навор шумо метавонед канори минтақаи саноатиро бубинед.
Дар ҳудуди "Азот" одамон ба назар намерасанд. Дар навор садои тирпарронии тӯпхона низ шунида мешавад. Ба гуфтаи ин ҷанганда, онҳо аз Лисичанск, ки мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ дар онҷо ҷойгиранд, тирандозӣ мекунанд.
"Хатарнок аст, меравем", — мегӯяд корманди милитсия ва ҳамрохи мухбир азҳудуди минтақаи саноатӣ мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи кимиёвии "Азот" дар шаҳри Северодонетски ҶМЛ ҷойгир аст. Ҳоло ҳудуди ин корхона таҳти назорати низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор дорад.
Дар аснои озодкунии Северодонетск артиши Русия ва нерӯҳои муттаҳидаи ҶМЛ дар қаламрави ин корхона муҳосираи ҷангиёни украиниро гирифтанд.
Кай амалиёти вижаи Русия дар Украина анҷом меёбад? посухи раҳбари ҶМД
Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз маҳаллаҳои истиқоматӣ ақибнишинӣ карда, садҳо сокини осоиштаро аз шаҳр ба минтақаи саноатии корхона бурданд, то дар пушти онҳо мисли сипари зинда пинҳон шаванд.
Сарбозони рус ба ҷангиёни муҳосирашуда ва зархаридони хориҷӣ пешниҳод карданд, ки силоҳҳои худро гузоранд ва таслим шаванд, зеро дар ин сурат ба онҳо зиндагӣ ва муносибати муносиб кафолат дода мешавад.
Александр Никишин, сардори хадамоти гарнизони корпуси дуюми артиши Қувваҳои Мусаллаҳи ҶМЛ гуфт, ки дар ин корхона 1500 ғайринизомӣ камтар аст.
Пушилин хостори озодсозии ҳамаи шаҳрҳои русӣ дар Украина шуд
Барои тахлияи аҳолии осоишта аз қаламрави Азот, Русия рӯзи 15 июн як долони башардӯстона ба самти шимолӣ ба сӯи шаҳри Сватовои ҶМЛ роҳандозӣ кард.
Аммо, ҷангҷӯёни украинӣ бо вайрон кардани оташбас ва тирборон кардани маҳаллаҳои истиқоматии Северодонетск ба тахлия халал расониданд, гуфт генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази миллии назорати дифои Русия.
Лентаи хабарҳо
0