Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз замине, ки ба хоҷагии тоҷикию чинӣ дода шуд

© Pixabay/PascviiУдобрение земли
Удобрение земли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо истифодаи қоидаҳои аграрӣ дар заминҳои вилояти Хатлон, ки ба ихтиёри ширкати муштарак бо Чин гузошта шудаанд, шинос шуд
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ бо ҳолати нашъунамои пахтазори ҷамъияти "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" шинос гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ба хоҷагидорон барои истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин бо нуриҳои минералӣ маслиҳатҳо додаст.
Манбаъ афзуд, ҷамъияти "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" дар ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2015 инҷониб фаъолият дорад. Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, хоҷагии мазкур бо истифода аз таҷрибаи пешқадами обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида дар парваришу истеҳсоли пахта ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Аз ҷумла зикр кардаст, ки саҳмдорони ҷамъият дар масоҳати 3 ҳазору 365 гектар пахтаи навъи "Дӯстӣ" кишт намуданд, ки бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва нигоҳубини ҳамаҷониба метавон ба ҳисоби миёна 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ кард.
Дарахти зардолу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Суғд ба Русия ва Қазоқистон беш аз 5000 тонна мева фиристод
"Дар заминҳои ҷамъият кишти пахта аввали моҳи март бо усули зери плёнка сурат гирифта, то имрӯз ба хотири рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ду маротиба озуқа, яъне нуриҳои минералӣ дода шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки хоҷагидорон ният доранд, соли равон то 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Соли гузашта кишоварзони ҷамъияти мазкур аз ҳамин масоҳат қариб 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, ки бо дастури Эмомалӣ Раҳмон дар оянда дар назар аст, ки "Ҷунтай-Хатлон Син Силу" дар ноҳияи Дӯстӣ боз 500 гектар замини бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намояд.
Иттилоъ дода шудаст, ки ҳамасола дар вақти кишту парвариши пахта дар ҷамъияти мазкур, зиёда аз ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0