Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод

© AFP 2022 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бархе манобеъ аз суқути як чархболи толибҳо бар асари зарбаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон хабар доданд. Толибҳо ҳанӯз вокунише накардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Чархболи "Ми-17" бо ҷангиёни толибҳо дар кӯҳҳои Орзуи водии Панҷшер нишасти изтирорӣ анҷом додааст, хабар дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз макони ҳодиса.
Ба иттилои манбаъ, ин чархбол аз тири нерӯҳои Ҷабҳаи миллии муқовимат дар Панҷшер осеб дида, ба таври изтирорӣ фуруд омадааст.
Таъкид шуд, ки 5 ҷангии толиб ва 2 халабон ба асорати нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афтидаанд.
"Баъд аз зуҳри 16 июн дар як ҳамлаи тактирандозони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар дараи Орзу, аз тавобеи вулусволии Шутул як боли ҳеликуптари "Ми-17" ҳадаф қарор гирифт, ки баъди чархишҳои пайи ҳам нишасти изтирорӣ кард", - афзуд мусоҳиб.
Вай илова намуд, ки бо 7 асир, аз ҷумла 2 халабон муносибат бар асоси қавонини муқовимат сурат гирифта, ҷони эшон дар хатар нест.
Феълан толибҳо ин иттилоъро расман таъйид ё рад накардаанд.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Песков гуфт, дар бораи эътирофи толибон тасмиме нест
Қаблан Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ аз суқути чархбол дар Панҷшер ва асорати ҷангиёни толибҳо ба дасти нерӯҳои Ҷабҳа хабар дода, афзуд, ки тафсилот баъдан ироа хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳо аз даргирӣ миёни толибҳо ва нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ афзоиш ёфтаанд.
Ахиран манобеи маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер аз даргирии чандсоатӣ дар дараи Орзуи ноҳияи Шутули Панҷшер миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва толибҳо хабар доданд.
Гуфта мешавад, даргирӣ замоне рух додааст, ки толибҳо қасд доштанд ба мавқеъҳои нерӯҳои муқовиматгар аз кӯҳҳои Соланг ва Шутул ҳамла кунанд. Дар мавриди талафоти ҷонибҳо хабар дода нашудаааст.
Толибҳо бо суқут додани ҳукумати қаблии Афғонистон аз 15 августи соли 2021 ба қудрат расиданд, аммо то кунун на машруияти хориҷӣ ва дохилиро надоранд.
Лентаи хабарҳо
0