Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?

© Sputnik / Владимир ТрефиловУровень инфляции
Уровень инфляции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Ахиран дар Тоҷикистон афзоиши қимати коло ба қайд гирифта шудааст. Коршинос гуфт, ки вуруди кишвар ба ИИАО ба арзиши аслии маҳсулот чӣ гуна таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба эҳтимоли зиёд ба нархҳо дар ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Дар ин бора профессори Мактаби олии иқтисод, директори Пажӯҳишгоҳи сиёсати савдо, доктори илмҳои иқтисод Александр Данилтсев изҳор дошт.
Ӯ қайд кард, ки мубодилаи мол барои ҷумҳурӣ вобаста ба низоми савдо, маҳсулот ва таъминкунандагон осон мешавад.
Бо шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон ӯҳдадориҳои изофӣ хоҳад дошт.
Инак, мамлакатҳои ба созмон дохилшуда сиёсати ягонаи гумрукӣ доранд. Арзиши мол дар мамлакат чун қабл аз паст то баланд фарқ мекунад.
"Фикр намекунам, ки ба нархҳо таъсири куллӣ хоҳад дошт, аммо имкони истифодаи маҳсулоти кишварҳои шарик афзоиш ёфта, иқтидори бозор васеъ мешавад ва мувозинати нави нархҳо ба вуҷуд меояд, ки гумон аст, ба таври назаррас баландтар ё пасттар бошад", — гуфт Данилтсев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба андешаи коршинос, шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҷумҳурӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Ба бовари ӯ, ба ин тартиб, кишвар метавонист ба ташаккули механизмҳои танзим шурӯъ кунад ва ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад.
Аммо агар Тоҷикистон ба созмони ҳамгироӣ шомил шавад, он гоҳ на танҳо манфиатҳои худ, балки хоҳиши шариконро низ ба инобат гирифтан лозим меояд, шарҳ дод Данилтсев.
Ҷумҳурӣ бояд дар мавриди боҷҳои гумрукӣ, механизмҳои танзими талаботи маҳсулоти техникӣ ва бисёр чизҳои дигар созиш кунад, гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0