Мусобиқаи байналмилалии волейболбозон дар Душанбе. Мизбон аз шикаст оғоз кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкВолейбол, архивное фото
Волейбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалии волейболбозиро дар шаҳри Душанбе бо шикаст оғоз кард. Бозии навбатӣ бо дастаи Ӯзбекистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи волейбол миёни ҷавонони то 23-сола дар шаҳри Душанбе то 20 июн идома хоҳад кард, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ аз қавли котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон, Муҳиб Латипов иттилоъ дод, ки дар ин зӯрозмоӣ дастаҳои волейболи Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат доранд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки сабқати мазкур тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дастаҳо миёни ҳам ду бозигӣ анҷом медиҳанд.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Паҳлавонони тоҷик дар Бишкек барои гирифтани медалҳо омодагӣ мегиранд
Манбаъ афзуд, ки то ҳол тимҳои Тоҷикистону Қазоқистон зӯрозмоӣ карда, дастаи меҳмон бо ҳисоби 3:2 пирӯз баромад.
Дар мавриди ҷадвали бозиҳо таъкид шудааст, ки 16 июн сабқати дастаҳои Қазоқистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Сабқати дигари волейболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 17 июн бо дастаи Ӯзбекистон баргузор мешавад ва рӯзи баъд - 18 июн зӯрозмоии ҷавобии ин дастаҳо дар назар аст.
Бори дигар дастаҳои Қазоқистону Ӯзбекистон 19-уми июн вориди майдон мешаванд. Дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ дар Душанбе - 20 июн тимҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.
Дар ҷамъбасти ду даври мусобиқа бар асоси холҳои гирифтаи тимҳо ғолиби ин зӯрозмоии минтақавӣ маълум хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0