Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пушилин хостори озодсозии ҳамаи шаҳрҳои русӣ дар Украина шуд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксПресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина
Пресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳоле, ки феълан низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Запорожеро таҳти назорат дорад, роҳбари Донетск хостори озодсозии ҳамаи шаҳрҳои русӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Зимни амалиёти низомии Русия дар Украина тамоми шаҳрҳои русӣ бояд озод карда шаванд, изҳор дошт Денис Пушилин, роҳбари ҷумҳурии халқии Донетск.
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" изҳор дошт, ки аз ҷумла Одесса низ бояд озод карда шавад.
"Зарур аст, ки тамоми шаҳрҳои русӣ озод карда шаванд", - гуфт Пушилин дар посух ба суол, ки оё гирифтани шаҳри Одесса зарур аст ё на.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия дар Украина, баробари минтақаҳои ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск инчунин вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифта шудаанд.
Дар ин минтақаҳо мудирияти низомӣ - шаҳрвандӣ ташкил шуда, аллакай роҳбарони онҳо азмашонро барои пайвастан ба Русия баён доштаанд.
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Песков: ИМА бояд дарк кунад, ки ҷанг бо Русия беҳуда аст
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0