Сокини Панҷ бо иттиҳоми куштори падараш боздошт шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Писар пас аз нӯшидани шароб бо падари пиронсолаш ҷанҷол карда, ки дар натиҷа ин муноқишаи лафзӣ ба куштор поён ёфтааст. Мақомот гумонбарро боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо иттиҳоми куштори падараш боздошт шудааст.
Бино ба гузориши Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон, марде аз дасти писар фавтида 78 сол дошта, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Намунаи ин ноҳия буд.
Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 7 июн дар пайи нӯшидани шароб ва мадҳушӣ сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, писару падар якҷоя машрубот нӯшидаанд, ки дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар мезанад.
Дар пайи ин писар бо болға як маротиба ба сари падараш зада, ӯро аз пой меафтонад ва бо ин қаноат накарда он он ба дасту баданш низ зарба мезанад.
Молоток судьи в зале суда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2022
Дар Тоҷикистон ба марде барои куштори модараш ҳукми абад доданд
Дар натиҷаи ин зарбаҳо Бустонов Авази солхӯрда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Боздоштшуда дар бозпурсӣ ба кормандони пулис гуфт, пас аз нӯшокии спритӣ мадҳуш шуд ва ба чунин кор даст зад.
"Арақ нӯшидам, маст шудам ва пасон ҷанҷол шуду бо болға ба сараш задам, ки ғалтид. Ман низ хобам бурд, хестам, ки падар нафас намегирад", - афзуд боздоштшуда.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи бар асоси моддаи 104 (куштор)-и Кодекси ҷиноии кишвар алайҳи дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Гумонбаршуда қаблан низ бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0