Дар ярмаркаи VIII савдои "Суғд-2022" наздики 400 меҳмон ширкат мекунад: видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар доираи ин ярмарка гузаронидани форуме таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шудааст
Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" баргузор мегардад.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилоят, ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ мебошад.
Ҳамчунин, ҷалби сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.
Дар доираи ин ярмаркаи сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани форум таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо” ба нақша гирифта шудааст.
"Бохтар Фуд-2022": дар Хатлон форуми байналмилалии содиротӣ баргузор мешавад
Тибқи нақша дар ярмарка ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Дар назар аст, ки дар ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" ва форуми тиҷоратӣ илова бар соҳибкорони вилояти Суғд наздик 400 нафар намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистонро гирди ҳам меорад.
Дар баробари ин дар ярмарка соҳибкорону тоҷирон аз вилоятҳои Халтон, ВМКБ, шаҳри Душанбе, намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳои сайёҳӣ низ ширкат хоҳанд кард.
Замони баргузории Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо "Суғд-2022" маълум шуд
Ҳамчунин ба ярмаркаи савдои "Суғд - 2022" соҳибкорон аз минтақаҳои гуногуни Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон, Хоразм, Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилоятҳои Минску Могилёви Ҷумҳурии Белорус, Қазоқистон хоҳанд омад.
Лентаи хабарҳо
0