Афғонистон омодааст, ба Русия меваи хушк ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот кунад

Орехи и сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Раиси Утоқи тиҷорат ва саноеи Русия гуфт, ки ширкатҳои Афғонистон қасд доранд, меваи хушк ва маҳсулоти зироатӣ ба ин кишвар содирот намоянд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сергей Котирин, раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русия баён дошт, ки Афғонистон омодаи таъмини меваи хушк, маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аст.
Вай афзуд, ки Афғонистон ҳамчунин омодаи кумак ба эҷоди занҷира таъмин аст.
"Мо бо намояндагони утоқи бозаргонӣ ва саноии Афғонистон суҳбат кардем, онҳо манофеи тиҷорӣ ва иқтисодии худро, ки дар Русия аст, баён карданд. Ба вижа онҳо мехоҳанд меваҳои хушку маҳсулоти кишоварзиро ба таври куллӣ арза кунанд", - гуфт Котирин.
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Ализай: Артиши Афғонистон аз мақомҳои амрикоӣ паёмҳои қатъи набард бо толибонро мегирифт
Раиси утоқи тиҷорат ва саноии Русияи ёдрас шуд, ки бо тарафи толибон дар мавриди эҷоди роҳҳои логистикӣ барои ширкатҳои русӣ аз ҷумлаи истифода аз хоки Афғонистон ба Ҳинд мавриди баҳс сурат гирифт.
Ин нишасти яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои тиҷорӣ дар ҷаҳон дониста мешавад.
Маҷмаъи байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз соли 1997 милодӣ ҳамасола баргузор мешавад.
Кордори сифорати толибон дар ҳоле дар ин нишаст ширкат мекунад,ки ҳукумати ин гуруҳро токунун ҳеҷ кишваре ба расмият нашинохтааст.
Лентаи хабарҳо
0