Ализай: Артиши Афғонистон аз мақомҳои амрикоӣ паёмҳои қатъи набард бо толибонро мегирифт

© Facebook / 209 Shaheen CorpsСотрудник национальной обороны Афганистана на посту
Сотрудник национальной обороны Афганистана на посту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси пешини Ситоди артиши Афғонистон гуфт, аз мақомоти амрикоӣ ва афғон паёмҳое дарёфт кардааст, ки онҳо хостори хатми ҷанг алайҳи толибон шудаанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Генерал Ҳайбатуллоҳ Ализай, раиси пешини Ситоди артиши ҳукумати пешини Афғонистон, дар нишасти имдодрасонӣ дар Вошингтон гуфт, мақомоти Амрико мегуфтанд, ки мубориза бо толибон созиши Доҳаро халалдор мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, тағйироти фаврӣ ва густурда дар раҳбарияти нерӯҳои амниятӣ аз ҷониби Ашраф Ғанӣ ва Ҳамдуллоҳ Муҳиб боиси пароканда ва нокомии артиш шудааст.
Ин мақоми собиқи артиши Афғонистон мегӯяд, бештари онҳое, ки дар замони ҷанг натавонистанд воҳидҳои артишро идора кунанд, аз сӯи Ғанӣ ва Муҳиб ба мақомҳои баланд пешбарӣ шудаанд.
Представители политического совета движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Песков гуфт, дар бораи эътирофи толибон тасмиме нест
Маврид ба зикр аст, ки қаблан раисҷумҳури фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ сабабҳои ҳаводиси моҳи августро созишномаи нобарори Доҳа ва озодсозии 5000 толиби зиндонӣ гуфт.
Ҳамзамон Ҳамдулло Муҳиб, амнияти миллии Афғонистон низ ин созишро оғози шикасти пояҳои ҳукумат хонда буд ва гуфт, Халилзод намояндаи вижаи Амрико пас аз ин толибонро бо дастонаш ба Кобул овард.
Сухангӯи Пентагон дар посух ба изҳороти мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон гуфт, имзои тавофуқномаи Доҳа миёни Амрико ва толибон ба муттаҳидони Амрико, афғонҳо ва ҳукумати Афғонистон як огоҳии амиқе буд, ки ИМА аз ин кишвар хориҷ мешавад.
Аммо сухангӯи Пентагон эътироф кард, ки имзои созишномаи Доҳа ва хуруҷи Амрико ба рӯҳияи нерӯҳои амниятии Афғонистон асар гузоштааст.
Амрулло Солеҳ, раисҷумҳури худхондаи Афғонистон низ яке аз сабаби суқути ҳукуматро созишномаи Доҳа хона гуфт, ки “Халилзод тарроҳи фиреби бузург буд, аз лиҳози стратегӣ кушид, то ҷумҳуриятро монанд бузи қурбонӣ то лаҳзаи забҳ муроқибат кунад".
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
Ёдовра мешавем, ки толибҳо пас аз ин созиш дар баҳори соли 2021 ҷангҳоро алайҳи артиши Афғонистон оғоз карданд ва дар як муддати кутоҳ шаҳру рустҳоро ҳатто бидуни ҷанг мегирифтанд, ки баъдар гуфта мешуд, чунин ҳолат дар пайи муомилаҳо сурат гирифтааст.
Билохира санаи 15 август ҳукумати ғанӣ бо дору надораш аз Кобул фирор кард ва толибон бидуни ҷанг вориди шаҳр шуд ва ҳукумати худхондааш Аморати исломиро сохт, ҳамакнун наздик ба як сол мешавад на машруити дохилӣ ва на хориҷиро дорад.
Лентаи хабарҳо
0