Заминларза дар Тоҷикистон

Душанберо заминларза такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Таи чанд соати охир дар Тоҷикистон ду маротиба заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар қаламрави кишвари ҳамсоя - Афғонистон қарор дошт
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сокинони Душанбе заминларзаи шадидро, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод, эҳсос карданд.
Бино ба иттилои Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон, зилзила соати 17:25 ба вақти Душанбе рух додаааст.
Қувваи заминҷунбӣ ба 5 баллро ташкил додааст. Маркази зилзила дар умқи 184 километр ҷойгир будааст.
Дар ҳамин ҳол, соати 14:22 ба вақти маҳаллӣ низ заминларзаи бо қувваи бештар ба қайд гирифта шуд. Қувваи ин заминларза 5,8 балл буд.
Тоҷикистонро заминларзаи сахт такон дод
Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази зилзила 315 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 145 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Афғонистон буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил додааст, хабар медиҳад КҲФ Тоҷикистон.
Аз талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар гузориш нарасидааст.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки ин ҷумҳурӣ дар баробари Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба феҳристи минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ ноором шомил аст.
Лентаи хабарҳо
0