Дар Душанбе бори нахуст занони аз 60-сола боло дар намоиши мӯд иштирок карданд

© Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТНамоиши мӯди занони аз 60-сола боло дар Душанбе
Намоиши мӯди занони аз 60-сола боло дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Либосе, ки занони бузургсол ба бар намуда, намоиш доданд, маҳсули дасти донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн буд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон бори нахуст занони аз 60-сола боло дар намоиши мӯд иштирок карданд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Бино ба иттилои манбаъ, намоиши мӯд дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оила барои занони бузургсол баргузор шуд.
Манбаъ меафзояд, намоишро муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилаллии донишкада Давлатзода Гулнора ифтитоҳ карда зикр намуд, ин аввалин намоиши мӯд аст, ки дар Тоҷикистон барои занони аз синни 60-сола боло омода гардидааст.
Tajikistan Fashion Week неделя моды в Душанбе 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
"Tajikistan Fashion Week" дар Душанбе бо иштироки тарроҳони кишварҳои ИДМ ва Аврупо - акс
Гуфта мешавад, либосе, ки занон дар намоиш бар карданд, маҳсули дасти донишҷӯёни ин донишкада мебошад. Либосҳо бо тарзи миллӣ ва аврупоӣ дӯхта шуда, дар тани занони солманд шинам ба назар мерасиданд.
Дар ҷараёни баргузории намоиш занону бонувон, кормандони сохторҳои гуногуни кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Вазорат мегӯяд, барои фароғати иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи май дар Душанбе Ҳафтаи мӯд баргузор шуда буд. Дар ин чорабинӣ тарроҳон аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0