Ҷаҳиши нархҳо: топ-6 маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон гарон шуд

© Sputnik / Рамиль СитдиковРынок, архивное фото
Рынок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон афзоиши зиёди арзиши аслии маҳсулот мушоҳида мешавад: нархҳои ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам маҳсулоти ғайриозуқаӣ боло рафтанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои 5 моҳи соли 2022 3,9 фоизро ташкил дод. Дар ин бора "Авесто" бо такя ба омор менависад.
Моҳи май сатҳи таваррум ба 0,7 фоиз расид. Ҳамин тавр, арзиши аслии маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра 6,6 фоиз афзуд.
Дар баробари ин нархи молҳои ғайриозуқавӣ 2 фоиз афзуд. Хизматрасонии пулакӣ бошад, баръакс 0,7 фоиз арзон шуд.
Гароншавӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар 5 моҳи соли 2022 аз ҷумла, карам (31%), пиёз (29,8%), сабзӣ (22,3%), орди навъи якум (20,2%), гречка (13,9%) ва макарон (12,7%) рост меояд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ афзоиши арзиши аслии маҳсулоти дигар низ ба қайд гирифта мешавад.
Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Путин сабаби гаронии қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳонро гуфт
Сабзавотҳои суннатӣ барои хӯришҳои тобистона, баръакс, арзлонтар шудаанд. Дар бозору дӯконҳои ҷумҳурӣ дар ин давра поин рафтани нархи бодиринг (64,2 фоиз) ва помидор (8,9 фоиз) мушоҳида шуд.
Қаблан мутахассисони Бонки миллии ҷумҳурӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буданд, ки бештари колоҳои сабади истеъмолии кишвар аз хориҷ ворид мешаванд.
Аз ин рӯ, тағирёбии нархҳо дар кишварҳои содиркунанда метавонад ба ташаккули арзиш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар минтақа таъсир расонад.
Лентаи хабарҳо
0