Путин гуфт, ҳамаи вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в работе ПМЭФ-2022
Президент РФ В. Путин принял участие в работе ПМЭФ-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия итминон дод, ки дастгирии шаҳрвандони кишвар калиди анҷоми бомуваффақияти амалиёти вижа дар Украина хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ҳама вазифаҳои амалиёти вижа дар Украина ҳал хоҳанд шуд, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
"Тамоми вазифаҳои амалиёти махсус ҳал карда мешаванд ва мардонагӣ ва қаҳрамонии сарбозони мо калиди ин хоҳад буд", - гуфт президент.
Ба ақидаи ӯ, муттаҳидшавии ҷомеаи Русия ба артиши Русия нерӯ мебахшад.
Раисиҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки амалиёти вижаи Русия дар Украина тасмими як кишвари соҳибистиқлол аст, ки бар асоси ҳуқуқи дифоъ аз амнияти худ асос ёфтааст.
Путин бовар дорад, ки вазъ дар Аврупо боиси тағйири элитаҳо мешавад
Путин таъкид кард, ки амалиёти вижа дар Украина зарур аст.
"Дар шароити кунунӣ, дар пасманзари афзоиши хатарҳо ва таҳдидҳо, тасмими Русия дар бораи баргузории амалиёти вижаи низомӣ маҷбурӣ, душвор ва зарур буд", - таъкид дошт роҳбари Русия.
Путин Ғарбро ба халалдор кардани пояҳои байналмилалӣ муттаҳам кард
Ҳамзамон вай қайд кард, ки Ғарб ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳад ва аз парвариши русбадбинӣ пушаймон нест.
Лентаи хабарҳо
0