Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия дар ҷараёни амалиёти вижа беш аз ду ҳазор муҳимоти ҷангии Украинаро нобуд кард

© Sputnik / Иван Родионов / Гузаштан ба хазинаи аксСитуация в Донецкой народной республике
Ситуация в Донецкой народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати дифои Русия хабар медиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аз оғози амалиёт то кунун беш аз ду ҳазор муҳимоти ҷангии Украинаро нобуд кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ нерӯҳои Русия беш аз 2000 муҳимоти ҷангии украиниро набуд кардаст, хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба сухангӯи вазорати дифоъ Игор Конашенков.
"Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти махсуси низомӣ 205 ҳавопаймо, 131 чархбол, 1233 ҳавопаймои бесарнишин, 342 системаи зиддимушакӣ, 3587 танк ва дигар техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ нобуд карда шуд", - афзудаст Конашенков.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳамчунин 539 мошини ҷангӣ, 2013 тӯпхона, 3658 адад мошинҳои махсуси ҳарбиро корношоям гардонданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки низомиёни Русия дар ҷараёни амалиёти вижа дар Украина 180 ҳавопаймо, ҳамчунин 127 чархбол ва беш аз ҳазор ҳавопаймои бесарнишинро нобуд кардаанд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ситуация в Донецкой народной республике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифои Русия теъдоди низомиёни кушташудаи украиниро нашр кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0