Кот Мостик яке аз рамзҳои Қрим дар Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург гардид

© Sputnik Плюшевый кот Мостик
Плюшевый кот Мостик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Бозичаҳои нарм махсус ва бори аввал барои Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург бо фармоиши Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Қрим сохта шудаанд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Бозичаи нарми "Кот Мостик" ба яке аз рамзҳои аслии Қрим дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург табдил ёфтааст.
Дар ин бора директори генералии Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Қрим Даниил Пидаев хабар дод.
Мостик махсус барои форум сохта шуда, ба имзокунандагони созишномаҳои сармоягузорӣ супорида мешавад.
"Блогер Мостик рамзи давраи нави эҳёи Қрим, давраи муттаҳидшавӣ бо Русия аст. Мостик рамзи ягонаи таърихи нави Қрими Русия аст. Пули Қрим дар кӯтоҳтарин фурсат сохта шуд, ки на танҳо ду соҳили гулӯгоҳи Керчро мепайвандад, балки таърихи муштарак ва сарнавишти кандашудаи мардумро барқарор кард”, - гуфт ӯ.
Бозичаҳои нарм махсус ва бори аввал барои ҲИСП бо фармоиши Корпоратсияи рушди Ҷумҳурии Қрим сохта шудаанд. Онҳо ба имзокунандагони созишномаҳои сармоягузорӣ дода мешаванд.
Гурбача бо оғози корҳои тайёрй ба сохтмони пули Қрим пайдо шуда, дар давоми тамоми раванд ба обуначиёнаш дар бораи тамоми раванди сохтмон нақл мекард.
Президент РФ В. Путин выступил на Евразийском экономическом форуме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Путин: Мақомот қадам ба қадам вазъи иқтисодиро ба эътидол меорад
Пас аз анҷоми сохтмон ӯ ба ҳайси рӯзноманигор аз бозомӯзӣ гузашт ва мудири шӯъбаи ахбори бахши Қримии хабаргузории "Россия сегодня" буд.
Ҳоло рамзи пули Қрим дар блоги худ дар бораи ҷойҳои ҷолиби нимҷазира, таомҳои миллӣ, ҳаёти фарҳангии ҷавонтарин минтақаи Русия нақл мекунад.
Аз 15 то 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербург Ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург идома меёбад. Хабаргузории байналмилалии Sputnik шарики иттилоотии форум мебошад.
Лентаи хабарҳо
0